Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 423 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 423 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Хуш, ба инаш чӣ мегўед? - ниҳоят пардаи хомўширо дарида пурсид Воҳид Камол.
    ...
  • Чаро ба даҳон об гирифтед?
  • Ҳеҷ чизро нафаҳмидем, - риштаи суханро ба даст гирифта, чун нишони эътироз ба суоли сарвари ШКД посух дод Наврўз Умар.
  • Шумо, ҷунбиши кӯрмушро дар зери замин мефаҳмед, пас чӣ тавр метавонед, бандаро бовар кунонед, ки ҳеҷ чизро нафаҳмидед. Ман на як, балки даҳҳо маротиба ба шумо фаҳмонда додам, ки ба гумон аст вай модели гуфтаатон бо амри дил ба ёрии мо дасту остин барзада бошад. Акбар Ҳакимович, чаро шумо хомўшед?
    -Одамро фаҳмидан душвор ҳарчанд ман то ҳанўз ба гунаҳкории Шаҳлои Носир бовар надорам.
  • Албатта, бовар надоред, чунки то кунун бо собуни чунин ашхоси нопок сар нашустаед.
    -Ҳеҷ бовар намекунам, ки Шаҳлои Носир дар ин кор даст дошта бошад, не бовар намекунам.
  • Дер ё зуд шумо хатои хешро хоҳед фаҳмид, - гуфта сарвари ШКД ба мо рухсати рафтан дод.
  • Ни падай духом, старик,46 - баробари аз дафтари кории Воҳид Камол баромаданамон гуфт Наврўз Умар.
  • Ҳеҷ бовари кас намеояд.
  • Гуноҳи мо чист, модоме, ки худи ҷамъият чунин “актёрҳоро” ба саҳна оварда бошад.
  • Гуноҳи мо он ки ба гапи Воҳид Камол бовар накардем ва ҳатто ўро барои андешаояш гунаҳкор карданӣ шудем. Баҳри дифои чунин як фарди нопоке ман ҳатто ба дараи Ромит рафтам. Ба ёдатон бошад, ҳатто гуфтем, ки Шаҳлои Носир чун устухоне дар гулӯи шефи мо дармондааст.
  • Ба дил нагир.
  • Мардумон беҳуда нагуфта будаанд, ки “бе пир марав, ки дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ” мо бошем...

46 Муйсафед руҳафтода нашав.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан