Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 422 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 422 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Алихони Набипур гуфт, ки нахостааст дӯсташро пеш аз сафар хотирпарешон намояд.

  • Яъне, ки на Раъно ва на шавҳараш дар бораи бемории дўсташон хабар надоштанд.
  • Магар ман бо дигар забон гуфтам, ки шумо нафаҳмидед.
  • Акнун фаҳмидам, гуфта ман аз ҷой бархостам. Дар сари дуроҳа бо Сайдшоҳи Ғайрат ҳам худоҳофизӣ намуда, ба тарафи истгоҳ рафтам.
    ...39...
  • Наход дигар ягон илоҷаш набошад?
  • Илоҷеро намебинам.
  • Инро беҳтар ба онҳо мефаҳмондед.
  • Кӣ медонист, ки кор чунин ранг мегирад?
  • Баъди сӯхтор мотам гирифта гаштан аз камоли беақлист, мефаҳмед?
  • Албатта.
  • Дар ихтиёри мо боз ду ҳафта вақт ҳаст, наход илоҷашро наёбед, ё мехоҳед, ки пули онҳоро ҷуброн намоем. Бояд ба ёдат биёрам, ки барои вайрон кардани шартнома тарафи гунаҳкор уҳдадор аст, ки 25 фоиз аз маблағи дар шартнома зикршуда иловапулӣ супорад. Аминам, ки он чӣ маблағест, шумо худатон мефаҳмед.
  • Чаро ҳамаашро ба души ман бор кардан мехоҳед?
  • Чунки шикасти амалиёт дар он қисми фронте рух додааст, ки сарфармондеҳаш шумо будед, ё мехоҳед гуноҳи Исоро ба гардани Мӯсо бор кунед?
  • Ман ин хел нагуфтам.
  • Ин хел бошад, ҳаракат намоед, то мо ҳама аз варта берун оем, - гуфта супоришдиҳанда гӯшакро ба ҷояш гузошт.
  • Алло, алло... - гуфт тарафи гунаҳкор, вале ҳамааш бенатиҷа, ҳамаи дарду алами ў ногуфта монд...
    Ин аввалин падидае буд, ки баъди чор шабонарўзи бозгашти банда аз прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ ва баъди панҷ шабонарўзӣ ба зери назорат гирифтани телефони Сайфулло Карим рух дод.
    То ҷое, ки мо фаҳмидем, дар амалиёти то кунун бароямон нофаҳмо ў нақши бузургеро ба душ надоштааст. Сайфуллои Карим, - ин ҳамон сарфармондеҳе буд, ки дар самти фронти ў “душман” рахна зада.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан