Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 421 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 421 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Бале.
  • Ӯро алибии мустаҳкаме ҳаст, ки боду борон он тараф истад, ҳатто тӯфони бузург ҳам ҷумбониданаш наметавонад.
  • Чӣ хел?
  • Соати 2325 дақиқаи шаби 26 январ бо гумони касали кӯррӯда вайро автомашинаи “Ёрии таъҷилӣ” ба беморхона бурдааст ва то соати 1010 дақиқаи субҳи рузи 27.01. ӯ дар зери назорати табибон қарор доштааст, сипас вайро барои тасдиқ нашудани ташхиси аввала ҷавоб додаанд.
  • Барои тасдиқ нашудани ташхис?
  • Бале, дар ҳуҷҷатҳои беморхона айнан чунин сабт ҳаст.
    Мавҷи хаёлоти ман лаҳзае ба гузаштаи на чандон дур парвоз кард. Субҳи рӯзи панҷшанбеи 30 январ ман бо баҳонае, ки афсонаи бемаъниро мемонд, пой ба остонаи хонадони Алихони Набипур монда будам... Гумон намудам, рўзноманигори собиқро дар обмурӣ медорам, бехабар аз он ки ў чандин ташналабонро ба лаби об бурдаву ташна баргардондааст. Хайрият, ман дуюмбора духтари хаёлиам Нозанинро гирифта, ба назди вай нарафтам ва акнун шукр намудам, ки дуюмбора пой ба остонаи ҳавлии вай нагузоштам.
    Ҳамсари Нодир Замон ба муфаттиш хабар додааст, ки шавҳараш рўзи якшанбе ба осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” рафта будааст ва маҳз аз ҳамин рў он рўз ба бозори “Корвон” рафта натавонистааст. Дӯсти вайро бошад, соати 2325 дақиқаи ҳамон шаб тариқи автомашинаи “Ёрии таъҷилӣ” ба беморхона бурданд, ҳол он ки сари субҳ Нодир Замон дар ин бора ба Рафоати Муҳаммад ҳам сухане нагуфтааст. Наход дӯст шудаву дар масофаи дусад –дусаду панҷоҳ метр аз ҳодисаи ба сарат омада рафиқатро - нафареро, ки бе ту ҷуръаи оберо ба гулӯяш намерехтааст, хабар насозӣ, ҳарчанд ман дар ин ҷода аз Дилшоди Ибод напурсида будам, вале боварии комил доштам, ки Алихони Набипур ба суоли муфаттиш посух гирифтааст, ки нахостааст дӯсташро пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ташвиш диҳад. Чун нигоҳам ба нигоҳи посухҷўи муфаттиш бархӯрд, пурсидам:
    -Оё Раънои Салим ва шавҳараш аз бемории Алихони Набипур он шаб огоҳӣ ёфтаанд ё не?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан