- Дар бораи вай дӯсташ ҳамсараш боз чӣ медонад?
- Ҳеҷ чиз.
- Пас маълум мешавад, ки Нодир Замон ба ҳамсараш дурӯғ гуфтааст.
- Ба фикрам, ҳамин хел аст. Дарвоқеъ, мо расми Нодир Замонро ба кормандони он осоишгоҳ нишон додем, вале бенатиҷа.
- Пас ӯ он рузи якшанбе дар куҷо будаст?
- Афсӯс, ки мо ҳам инашро намедонем.
- Дар бораи ҳамсари вай чӣ гуфта метавонед?
- Чӣ шумо аз вай гумонбаред? - дар навбати хеш пурсид Дилшоди Ибод.
- Не, вале то ҷое, ки мо иттилоъ дорем, маҳз Раънои Салим замоне садди роҳи Парисои Ҳотам гашта.
- Чунин ҳодисаҳо дар зиндагӣ лаки дар лаканд ва оё месазад, ки дар ин ҷода авроқеро рангин сохт.
- Саҳфаҳои дафтари муҳаббат ҳамеша рангинанд, пас чӣ тавр метавон ба он аз паси панҷа нигарист.
- Гумон намекунам, ки дар ҳодисаҳои мазкур муҳаббат нақше дошта бошад.
- Вале ба фикрам инкор ҳам намекунед, ки муҳаббат даҳҳо сари сабзро ба бод додааст.
- Ҳамаи гуфтаҳои шумо дар шакли кул (обстракт) аст, вале дар ҳодисаҳое, ки мо баҳри кушоданашон камари ҳиммат барбастаем, ин хел нест.
-Кӣ медонад? - Суханони рафиқ майор ҳам ҷон доранд. Месазад, ки мо низ сари ин гуфтаҳо андеша намоем, - ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт Сайидшоҳи Ғайрат.
- Бисёр хуб, гумон мекунам, ҳамин нуқтаи назарро ба нақшаи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯиатон ҳамроҳ мекунед, - гуфт муфаттиш ва ба тарафи ман нигариста пурсид, ки бандаро боз чӣ дархосте ҳаст.
- Нодир Замонро дӯсте буд, ки тайи солҳои охир ҷуръаи оберо бе ӯ наменӯшид, донистан мехостам, ки тафтишот дар бораи ана ҳамин дӯсташ чи маълумоте ба даст овардааст?
- Алихони Набипурро дар назар доред?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




