Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 419 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 419 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Пас ин қадар роҳро тай намуда, ба Явроз рафтанат чӣ маъние дорад? - нидо омад аз қалбам.
  • Намедонам.
  • Ҳамаи ин давои дили бемор, гӯед?
  • Шояд...
    Қарибиҳои шом ман боз пой ба остонаи бинои милиса гузоштам ва чун аз забони навбатдор каломе нашунидам, ба самти ошёнаи дуюм ҳаракат намудам...
    ...38...
  • Чаро ба назди вай зани шаттоҳ нею ба назди мо омадед?
  • бо қошу қавоқи гирифта гуфт Дилшоди Ибод.
    -Сараввал, инки ҳамон зани шаттоҳи мегуфтагиатон ҳампешаи шумост. Дуюм аз қафои одами ғайб сухани бад гуфтан хуб нест ва сеюм ман барои кори шахсиам наомадаам, ки шумо бандаро мавриди муҷозот қарор бидиҳед.
  • Хоҳиш мекунам коҳи кӯҳнаро бод надиҳед, - моро ба мувофиқа оварданӣ шуда гуфт Сайидшоҳи Ғайрат, ки ин дафъа ҳам бандаро аз бинои милиса ба прокуратура ҳамроҳӣ намуда буд.
  • Бубахшед.
    Маҳз хамин як калима сабаб гашту банда ором шудам.
  • Хуш, рафиқ майор, ба кадом саволҳои хеш ҷавоб гирифтан мехоҳед? - пурсид муфаттиши прокуратура.
  • Мо донистан мехостем, ки тафтишот дар кадом поя қарор дорад.
  • Пешравие дар ин самт нест.
  • Оё муайян намудед, ки Нодир Замон чаро рӯзи якшанбе ба “Корвон” нарафтааст?
  • Аз рӯи нишондоди ҳамсараш ӯ рӯзи якшанбе ба аёдати кадом як дӯсташ ба осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” рафта будааст ва аз он ҷо қарибиҳои намози аср баргаштааст.
  • Ному насаби дӯсташ?
  • Ӯро Сайф ё Сайёф ном будааст, вале, мутаассифона, ҳангоми санҷиши рӯйхати истироҳаткунандагони осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” мо нафареро бо чунин ном наёфтем.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан