-Бо гуруҳӣ тафтишотӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳамкорӣ бояд кард. Шояд онҳо дар ин ҷода маълумоти дурусттаре ба даст оварда бошанд.
-“Ба умеди чоруқи анбунӣ пота дар хор намонӣ,”- гуфтани мардумро ба ёд биёред.
-Ин тавр бошад, мо умед ба корҳои рафиқ лейтенант мебандем.
-Рафиқ лейтенант, аз пайи кор шавед. Рафту риштае аз ин қазия ба даст овардед, ҳатман ба ман занг занед, - гуфт Наврӯз Умар ва нозири минтақавӣ аз ҷояш бархоста аз дар баромад.
Ману Наврӯз Умар баъди рафтани Ҷомӣ муддати на чандон тӯлоние сари андешаҳои хеш ғӯтта задем....
-Нақшаҳои имрӯзаатон? - ниҳоят риштаи суханро ба даст гирифта пурсид Наврӯз Умар.
-Ба Явроз рафтаниам.
-Ба нишондоди Шаҳлои Носир боварӣ надоред?
-Шаҳлои Носир чун устухоне дар гулӯи шеф дармондааст, мехостам он устухонро аз гулӯи эшон бурун орам.
-Ин тавр бошад, садди роҳи шумо намешавам, бе ин ҳам рӯзҳо ҳанӯз кӯтоҳанд, - гӯён сардори бахш ҳам аз ҷой бархест...
Аз дараи Ромит ба ҷуз он хотироти давраи донишҷӯи, ки замоне дар лагери “Ҷавонӣ” истироҳат намуда будам, дигар чизе ба даст наомад.
На танҳо холаи моделдухтар Холидаи Ҳусейн, балки чанд тан аз ҳақу ҳамсояҳо ҳам собит намуданд, ки Шаҳло ҳамроҳи модараш Соҷида ду ҳафта пеш дар рӯзи истироҳат ба Яврози афсонавӣ ташриф оварда буданд.
Дар замоне, ки офтоб ба ғуруб мерафт, ман аз Явроз - аз маконе, ки дар асл дурдонаи дараи Ромит аст, берун шудам.
Мошин маро бо ёдҳои хеш ба сӯи ғарб аз қафои офтоби ба ғурубрафта мебурд. Явроз бо он “Афсонаи кӯҳӣ” - аш, ки замоне сарманшаи ҳамаи маҷаллаву рӯзномаҳои ҷавонон буд, дар самти шарқ монд...
Ба гумон буд, ки сафари банда ба Явроз хаттӣ буришро дар нигоҳи ман ва Воҳид Камол сари як нуқта биёрад. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки моделдухтар Шаҳлои Носир дар чашми сарвари ШКД чун намади сиёҳ метофт ва намади сиёҳро бо шустан сафед намудан ғайриимкон аст, агар дар табиат муъҷизае рух надиҳад.





