-Барои ҳамин ҳарчи тезтар сари ин масъала нуқта гузоштан зарур аст.
-Ному насаби холаи вайро гирифтед?
-Албатта.
Ҷомии Шариф боз чизе гуфтан мехост, вале дар ҳамин асно дар кушода шуду Наврӯз Умар пой бар остона гузошт.
Мо ҳарду ба ҳурмати вай аз ҷой бархестем.
-Хоҳиш мекунам бандаро дар хиҷолат нагузоред, - гуфта Наврӯз Умар аз тарафи дигари миз рӯ ба рӯи нозири минтақавӣ нишаст.
-Хуш, рафиқ лейтенант, дар бораи супориши банда чӣ гуфта метавонед, - ба тарафи шахси дар рӯ ба рӯяш нишаста, нигариста пурсид Наврӯз Умар.
-Қариб, ки ҳеҷ чиз.
-Набошад ҳеҷ чиз гӯеду равед. Ман ҳеҷ нафаҳмидам ки “қариб” гуфта чиро дар назар доред.
Ман фишурдаи суҳбати чанд лаҳза пештар доштаи хешро ба Ҷомии Шариф ба самъи сарвари бахш расонидам.
-Пас чаро нарафтед?
-Чунки натиҷаи анҷоми он вохӯриро намедонам.
-Чӣ фарқ дорад, ки он суҳбат мусбӣ мешавад ё манфӣ .
-Ҳақ ба ҷониби шумост, рафиқ подполковник, вале дар ин ҷо ҳам як “агараке” ҳаст.
-Чӣ хел “агарак”?
-Лейтенант дар ҷустуҷӯи ҳақиқат аст, на дар ҷустуҷӯи самтҳои он.
-Магар мақсади мо дигар аст?
-Не, албатта, вале то ҷое, ки мо иттилоъ дорем, Нодир Замон ба хотири ҳамин духтари дар маркази туризм ва сайёҳӣ кор мекардагӣ шуда, аз Парисо рӯ гардонидааст. Модоме ки Раънои Салим бар Парисо барин духтаре, ки дар ҳусну малоҳат беҳамто буд, ғолиб омадааст, пас ки кафолат дода метавонад, ки асрори ниҳони ӯро аз нигоҳи ҳақ мо ба осонӣ кашф хоҳем кард?
-Пас чӣ бояд кард?





