Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 416 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 416 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Намедонам ва ҳамин ҳаст сабаби напазируфтани пешниҳоди шумо.
  • Вай шуморо интизор мешавад?
  • Не, вай баъди ним соат ба дарс меравад?
  • Ӯ донишҷӯ аст?
  • Ӯ дар назди дӯзандае шогирд аст.
  • Ин хел бошад, ёфтанаш душвориеро пеш намеорад.
  • Ҳамин хел.
  • Чӣ тавр бо вай шинос шудед?
  • Тасодуфан.
  • Ин хел бошад рафтем.
  • Ба куҷо?
  • Ба дафтари кории ман.
  • Зид нестам, - гуфта Ҷомии Шариф ҳамроҳи банда ба ошёнаи дуюм баромад.
  • Оё намешуд, ки мо аз пайи ҳамон бортинжинер мешудем?
  • аввалин шуда хомӯшии на чандон тӯлониро вайрон карда пурсид? нозири минтақавӣ.
  • Мо ба муқобили вай ягон далел надорем ва ҳар як кӯшиши ноҷо метавонад ӯро ба эҳтиёткорӣ ҳидоят намояд.
  • Гумон доред, ки ин назоратҳо ягон натиҷае медиҳанд?
  • Ҳар як нуқтаро худи вақт ба ҷояш мегузорад.
  • Пас то бо роҳи оперативӣ ҳаллу фасл шудани ин қазия мо дастҳоро болои ҳам монда истироҳат мекунем?
  • Ин фикри хомро беҳтар мешуд, аз майнаатон дур мекардед.
  • Шуморо фаҳмидам.
    -Рафту агар вохӯриат бо он духтари деҳбаландӣ намешуд, мо ҳарду имрӯз ба дараи Ромит мерафтем.
  • Ба дараи Ромит?
  • Ҳа, ба дараи Ромит, дурусттараш ба Явроз.
  • Истед, ки на баҳри тасдиқ намудани суханони Шаҳлои Носир мо бояд ба он ҷо равем.
  • Роҳи дигарашро ман намебинам, мефаҳмед?
    -Чияш нофаҳмо? Симои моделдухтар чун устухон дар гулӯи шефи мо дармондааст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан