Аз қабулгоҳ баромада истода, дар даҳлез бо Наврӯз Умар рӯ ба рӯ омадем.
-Дар ҳузури эшон будед, - баъди салому алейк пурсид сардори бахш.
-Ҳа, эшон сараввал шуморо пурсиданд, вале чун ҷустуҷӯйҳояшон бе натиҷа анҷомид, сипас моро мавриди музоҷот қарор доданд.
-Аминам, ки эшон аллакай аз аспи ҷаҳл фаромаданд.
-Аз асп фаромада бошад, ҳам пой аз узангу нагирифтааст, хоҳед худ раведу бубинед...
...37...
-Маро интизор шавед, - гуфт сардори бахш ва ба самти дафтари кории Воҳид Камол рафт.
-Чӣ лозим буд вайро ба назди шеф ҳидоят намудан? - гуфт Ҷомии Шариф, ки ба куҷое шитоб дошт ва акнун маҷбур буд, ки омадани Наврӯз Умарро интизор шавад.
-Оё нашунидаӣ, ки гузаштагони мо гуфтаанд: “қанд ҳам хӯрдӣ, дам мазан, фанд ҳам хӯрдӣ, дам мазан.”
-Ман шитоб доштам, вале акнун ба ҷуз интизор шудан чорае надорам.
-Агар аз пай кор рафтан хоҳӣ, ба худат ҳарфи “ҷ.”
-Ташаккур, вале ман рафта наметавонам.
-Чаро?
-Чунки намедонам ин ҳама даву този маро самаре мешавад ё не ?
-Шуморо нафаҳмидам.
-Чанд рӯз пеш Навруз Умар бандаро ба наздаш хонда супориш дод, ки аз қафои Раънои Салим назорат барам, дурусташ дар бораи тарзи зиндагии вай маълумот гирд оварам. Тайи ин чанд рӯз новобаста ба ҳама ҷаҳду талошҳоям ман ягон асроре дар ин ҷода ба даст оварда натавонистам. Ду руз пеш бо як духтаре аз кӯчаи Сафедорон шинос шудам ва чун фаҳмидам, ки ӯ ҳам аз Деҳбаланд аст, дар бораи Раънои Салим пурсон шудам.
- Гумон доред, ки вай ҳамаи маълумоти дар бораи ҳамдеҳааш гирдовардаро баҳрат арзонӣ хоҳад дошт?





