Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 414 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 414 аз 527 · 2 ноябри 2026

Рӯзи дигараш ҳангоми суҳбат дар бораи акси «Барфи аввал» Шаҳлои Носир посухи чӣ тавр сурат гирифтанашро гуфт ва ба саволи банда ҷавоб гуфт, ки тағояш бортинжинери таёраи ТУ-154 мебошад ва ҳамин бортинжинер дар рӯзи мавлудаш аксбардорӣ шиносашро даъват намуда, ки ӯ дар навбати хеш ному насаби худро дар зери акси «Барфи аввал» нависондаст. Акнун худ қазоват намоед.
-Қазоват мегуед?
-Ҳа.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, мехоҳед ӯро мавриди назорат қарор диҳем?
-Бе чунин амал мо қадаме ба пеш гузошта наметавонем, ҳамзамон мо бояд ҳарчи тезтар телефон ва номаҳои вайро ба зери назорат гирем.
-Ман борҳо гуфта будам ва агар такрор ҳам шавад боз мегӯям, ки ба Дарвозӣ агар даст диҳӣ, аз ду сар аз оринҷат медорад, - хандида гуфт сарвари милиса.
-Чун ҳама шохаҳои ҳодисаҳои рухдода ба тарафи ҳамин лочин хам заданд, моро лозим аст, ки ба вай бо чашми ҷаҳонбин нигарем.
-Банда танҳо назорати оперативии вайро ба душ мегирам, оид ба дигар самтҳои назорат бошад, ба муфаттиши прокуратура муроҷиат намоед, ё мехоҳед ман худам бо прокурор гуфтугӯ намоям.
-Ҳарчи шумо бифармоед.
-Майлаш, ин тарафи масъаларо низ ба души банда гузоред. Хуб мешуд, ки ҳарчи тезтар сари қазияи Шаҳлои Носир ва Зебои Ризвон нуқта мегузоштед. Моро лозим аст, ки теъдоди гумонбаршудагонро кам намоем, на зиёд. Ба ҳамаи шаҳру навоҳиҳо хабарномаи такрорӣ фиристед ва ба ҳампешаҳои хеш гушрас намоед, ки рафту ба хабарномаи навбатӣ низ чун пештарааш аз паси панҷа нигаранд, пас аз худ гила намоянд. Ба ҳама хабарномаҳо боз расми нафареро, ки Шаҳлои Носир ҳамроҳи Парисо дидааст, ҳамроҳ намоед.
-Хуб шудааст, - гуфта ману нозири минтақави Ҷомии Шариф аз ҷойи бархестем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан