Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 413 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 413 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Муносибати вай бо рӯзноманигор дар кадом поя қарор дорад?
  • Онҳо қариб ки шинос нестанд.
  • Нафаҳмидам.
    Ман яке аз расмҳои Шаҳлои Носирро дар маҷаллае дида будам. Ин ҳамон акси “Барфи аввал” буд, ки шумо дар бораи он хабар доред ва чун таърихи он аксро аз модел пурсон шудам, гуфт, ки ду – се сол пеш ӯ ба хонаи тағояш рафта будаст. Рӯзи мавлуди тағояш ба барфи аввал рост, омадааст.
    Соҳибҷашн аз яке аз меҳмонони ба зодрузаш омада, ки асбоби аккосӣ доштаст, хоҳиш намудааст ки акси ҷиянашро бигирад.
    Баъди ҷашни мавлуд дигар ӯ на он аксро дидаасту на аксбардорро.
  • Чаро шумо аз тағои Шаҳлои Носир домангиред?
  • Рафти ҷобаҷогузории донаҳои марҷон дар шадда моро водор месозад, ки нисбати ҳамаи онҳое, ки дар ҳодисаҳои рухдода ба таври ростхата ё ғайримустақим шариканд, бе тафовут набошем...
  • Сайфуллои Карим ба ин ҳодисаҳо чӣ пайвастагие дорад?
  • Тафтишот то кунун ба он ақида аст, ки Парисои Ҳотам бинобар бо роҳи яктарафа бекор намудани шартномаи тарафайн, яъне, дар лаҳзаи охир даст кашидан аз сафар ба мамолики Араб ба қатл маҳкум шудааст. Садди роҳи ба мамолики Араб нарафтани вай бошад, Мавлудаи Юсуф - ҳамон нафаре, ки муддате чанд дар фоҳишахонаҳои мамлакатҳои номбурда “хизмати” мизоҷонро ба душ доштаст, гардидаст. Мавлудаи Юсуф худ иқрор шуд, ки ӯро барои кор ба мамолики Араб даъват намуданд ва чун ба он ҷо рафт, аксҳои урёнашро баҳраш муаррифӣ намуда, ба фоҳишахонае вайро фурӯхтанд. Дар ин амали нангин Мавлудаи Юсуф, Баҳром Ҳасанро, ки ҳамон вақтҳо бо вай дар муносибати дустона қарор доштааст, гунаҳкор медонад. Як моҳ баъди баррасии парвандаи ҷиноӣ Баҳром Ҳасан дар ҳодисаи автомобилӣ ба ҳалокат мерасад. Мавлудаи Юсуф бар он ақида аст, ки Баҳромро “дӯстонаш” ба он варта тела додаанд.
    Ҳарчанд Мавлуда дар бораи ин дӯстон хабаре ҳам надошта бошад, вале худи бародари Баҳром Исмоил бандаро бовар кунонид, ки ӯро Сайф ном дӯсте ҳаст, ки бортининжинер шуда кор мекунад.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан