Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 412 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 412 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ҳамон духтаре, ки шумо ба вай боварӣ надоред.
-Шаҳлои Носир?
-Ҳа
-Пас агар у ба амри дил ба мо ёри доданӣ буд, чаро рӯзи аввали содиршавии ҷиноят ин корро накард?
-Субҳи рӯзи якшанбе, соати шаш, ӯ ҳамроҳи модараш ба аёдати холааш ба Явроз рафта будааст. Рӯзи душанбе бошад, аз Явроз ба донишгоҳ рафтааст. Аз донишгоҳ баромада, сари роҳ ба модараш занг задааст то бифаҳмад, ки ӯ аз хонаи холааш баргаштааст ё не ва модар тариқи телефон ӯро аз ҳодисаи ба сари Парисо омада огоҳ намудааст. Дар навбати хеш ӯ гуфтааст, ки ҳамон вақте, китоби «Математикаи олӣ» - ро гирифта ба поён рафт, Парисаро ҳамроҳи ҷавони ношиносе дидааст. Соате пас муфаттиши прокуратура ба манзили онҳо ташриф овардааст ва аз забони модари Шаҳло ба рафти ҳодисаҳо шинос шудааст. Банда бошад ба манзили онҳо рӯзи сешанбе, нисфирӯзӣ рафта будам ва то бегоҳ мо аз рӯи нишондоди ҳамин моделдухтар фотороботи он ҷавонро тарҳрезӣ намудем.
-Пас канӣ натиҷаи он ҳама талошҳои шумо?
-Фотороботро мо тариқи хабарнома ба ҳамаи ШКД шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ фиристодем, вале ҳамкоронамон ба хабари мо аз паси панҷа нигоҳ намуданд.
-Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро Шаҳлои Носир модарашро тариқи телефон аз ҳодисаи рухдода огоҳ намудааст?
-Маҳз ҳамин ҳолат тақозо мекунад, ки мо ба духтари тарҳсоз бовар намоем, бовар ба он ки он шаб онҳо аз ҳодисаи ба сари Парисои Ҳотам омада огоҳ набуданд, вагарна тайи ду рӯзи дар Явроз будан ҳодисаи рухдода мавзуи суҳбати модару духтар қарор мегирифт. Сабаби тариқи телефон суҳбат намудани духтару модарро бошад, аз донишгоҳ ба кастинги ширкати «Виле КЭТ» рафтани модел мебошад...
-Ному насаби нафаре, ки собиқ рӯзноманигори суратгир бо ӯ шиносоӣ доштааст?

  • Сайфуллои Карим.
  • Тарҳсоз низ бо вай шинос аст?
  • Сайфуллои Карим тағои Шаҳлои Носир аст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан