- Чунки муайян намудани дараҷаи гуноҳкорӣ ва бегуноҳии инсонро танҳо суд ҳал мекунад.
-Мо чӣ?
-Мо дар доираи ваколатҳои хеш сиёҳро аз сафед ҷудо мекунем, вале сухани мо сухани охирин нест.
-Оё сари ин амали хеш андеша намудед?
-Аслан дар он суҳбат ман на усулҳои дедуксияро дидаму на индуксияро.
-Яъне, ки мо на аз самти ҷабрдида ба сӯйи вай ҳаракат карда метавонему на аз тарафи ӯ ба самти ҷабрдида.
-Ҳамин хел.
-Пас дар бораи расмҳои урёни Шаҳлои Носир, ки маҳсули дасти ҳамин бонуи ҳунарманданд чӣ мегӯед?
-Ҳеҷ чиз.
-Чаро?
-Чунки Шаҳлои Носир дар нисбати ҳамин бонуи шумо мегуфтагӣ ягон даъвое надорад. Баръакс, ӯ ифтихор аз он дорад, ки чунин расмҳои зебо дорад. Бе даъвои Шаҳлои Носир бошад, худи мо дар назди қонун дасткутоҳем.
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки вақтҳои охир агар ман бед гӯям, шумо тут мешунавед.
-Ҳаргиз ин хел нест, рафиқ полковник.
-Ҳафтаи гузашта ман гуфта будам, ки ба гумон аст моделдухтар бо амри дил қадаме ба сӯйи мо гузошта бошад ё нагуфта будам.
-Инкор намекунем.
-Пас шумо чӣ кардед?
-Мо ӯро пурсидем ва наметавонем ба Шаҳлои Носир бовар накунем. Ҳамзамон бояд иқрор шуд, ки маҳз ҳамин духтар симои нафареро ба мо муаррифӣ намуд, ки бо Баҳром Ҳасан дӯсти наздик будааст ва на танҳо бо Баҳром Ҳасан.
-Хуш, хуш...
-Нафаре ки бо Баҳром Ҳасан дӯстӣ доштааст, ҳамзамон дӯсти собиқ рӯзноманигор Алихони Набипур низ ҳаст.
-Шумо бо вай суҳбат намудед?
-Не.
-Пас манбаи хабар кист?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




