Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 410 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 410 аз 527 · 2 ноябри 2026

Чун шаб бо тамоми ҳастияш ҳукмфармоӣ дошт ва ба гумон буд, ки ман дар милиса дигар кореро ба осмон расонида тавонам, роҳи хонаро пеш гирифтам. Чун ба троллейбус нишастам, ҷисми афгори хешро ба курсӣ гирифта, ба андешаҳои хеш дода шудам...
Шукр гуфтам, ки дар дунё нафароне чун Зебои Ризвон ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ барои пулу мол шуда, виҷдони хешро намефурӯшанд, ҳарчанд дар ин ҷода ҳанӯз хулосаи аниқ баровардан душвор буд. Ман бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки дар дунё на ҳама чизро бо пулу мол харидан ва фурӯхтан мумкин аст... Ба қавле ман шикаст хӯрдам, вале аз ин шикаст шод будам, чунки ман фаҳмидам, ки дар дунё одамони наҷиб кам нестанд...
...36...

  • Гуфтед, ки ӯ қариб қиёматро ба по хезонд.
  • Ҳамин хел.
  • Агар ба чунин амал ана ин лейтенант (Воҳид Камол бо ангушташ ба тарафи нозири минтақавӣ Ҷомии Шариф ишора намуд) даст мезад, мегуфтем, ки аз бетаҷрибагӣ ба хато роҳ додааст, вале ба шумо чӣ шуд?
  • Таваккал кори ҳамешагии мост ва гумон намекунам, ки аз чунин як амале, ки қимати ду тангаро ҳам надорад, фоҷиа сохтан мумкин бошад.
  • Фоҷиа магар аз ин бештар ҳам мешавад, модоме ки худи муфаттиши прокуратура аз дидани расмҳои Шаҳлои Носир шарм доштааст, дуюмин дар навбати худ ному насаби аксбардорро ба забон овардааст. Ба ҷойи он ки Зебои Ризвонро ба дафтари кориатон ҷеғ зада, бо ӯ ба таври расмӣ суҳбат менамудед, шумо, рафиқ майор, аз худ Шерлок Холмс тарошида, бо ӯ бархилофи низомномаи идора суҳбат оростед.
    Дурусттар карда гӯем, ин суҳбати сарироҳии шумо бозии мушу гурбаро аз осори Сайидои Насафӣ ба ёд меорад.
  • Ман бошам чунин намешуморам.
  • Яъне, кафолат дода метавонед, ки ӯ бегуноҳ аст?
  • Не.
  • Чаро?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан