Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 409 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 409 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Яъне, ки ман ба ивази пули калон бояд духтарҳои ба хориҷӣ кишвар мефиристодаи шуморо аксбардорӣ намоям.
  • Бале, гумон мекунам аз ин ҳамкорӣ шумо манфиати хубе ба даст меоваред.
  • Шумо чӣ?
  • Ман ҳам.
  • Ҳиссаи ман чӣ қадар хоҳад буд?
  • Панҷ фоиз аз даромад, гумон мекунам, ин маблағи кам нест.
  • Панҷ фоизаш чанд мешавад?
  • Ҳазор ...
  • Ҳазор сомонӣ?
  • Не, ҳазор доллари амрикоӣ.
  • Сад афсӯс.
  • Чӣ, агар ин маблағ кофӣ набошад, метавонед нархи хешро гӯед. Гумон мекунам, онҳое, ки талаботи молро доранд, боз 0,5 то 0,6 фоизи дигар ҳаққи хизмати шуморо метавонанд бардоранд.
  • Ман афсӯс бар он мехӯрам, ки ба номи Офаридгори пок қасам хӯрдаам, вагарна худи ҳозир аз гиребонатон гирифта, мардумро ба ёрӣ ҷеғ мезадам ва дигар намедонам ба шумо чӣ мешуд. Акнун гум шав аз назарам, мефаҳмӣ, тезтар гум шав, то чашмони ман туро набинанд!
  • Шумо қасам хӯрда будед?
  • Инаш ҳам ба бахти ту лаънатӣ, акнун гум шав аз назарам, ки ман туро набинам!
  • Хуш монед, гуфта ман боз ба ҳамон самти омадаам қадам задам.
  • Аз бадбахтии дигарон манфиат наҷӯед ва фаромӯш насозед, ки чоҳканро ҳамеша чоҳ дар пеш аст! - шунидам аз дур овози мусоҳибамро.
    Дигар ман ҷуръати ба қафо ҳам нигаристан надоштам, тарсидам, ки мабодо Зебо аз қафоям нигоҳ накарда истода бошад. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки суханони банда дар ниҳоди ӯ он қадар эҳсосоту нафратро бедор намуда буд, ки дар тасвираш қалам оҷизӣ мекунад ва ҳамаи инро ман бо чашми хеш дидам...
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан