- Ташаккур, акнун тезтар ба сари мақсад биёед, вагарна ман аз ҳамин истгоҳи аввалин ба автобус менишинам.
- Чӣ ман ҳуқуқи ба он нақлиёт шиштан надорам?
- Доред, вале ман дар дохили автобус ба шумо сухане нахоҳам гуфт.
- Чаро?
- Чунки ману Шаҳбоз дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунем ва ман намехоҳам ягон бадбине суҳбати маро бо шумо бубинад.
- Ман мехоҳам, шумо ба ман ваъда диҳед, ки агар суханони банда бароятон писанд наомад, гумон намоед, ки он садоро шумо аз ғайб шунидед ва дар ягон ҳолат онро ба каси дигар намегӯед.
- Қасам ба ҷонам.
- Не, нашуд.
- Қасам ба номи поки Худо...
- Ман духтаракеро ба хориҷи кишвар бурданиам, гумон насозед, ки ман ӯро маҷбуран мебарам.
- Аз ман чӣ мехоҳед?
- Талабот ба зебосанамҳои мо дар хориҷи кишвар хеле зиёд аст, вале аслан онҳое, ки корфармо ҳастанд, пеш аз фиристодани виза мехоҳанд бифаҳманд, ки корҷӯ чӣ қимате дорад, мефаҳмед?
- На он қадар.
- Корҷӯ бояд ба корфармо даҳ дона расми хешро дар ҳолати гуногун фиристад.
- Ин чӣ душворие дорад, ки дар ҳар сад саду панҷоҳ қадам як суратгирхона аст.
- Шумо маро нафаҳмидед?
- Хуш, набошад ба ман фаҳмонед.
- Аксари он расмҳо бояд дар шакли урён ва нимурён бошанд.
- Дар шакли урён?
- Ҳа, дар шакли урён. Барои ҳамин ҳам ман мехоҳам бо шумо ҳамкорӣ намоям, рафту корҳоямон омад кунанд, дар оянда низ ман бо шумо ҳамкорӣ хоҳам кард. Шумо аз аксбардории як нафар метавонед он қадар даромад гиред, ки дар се - чор моҳи кориатон намегиред.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




