- Чаро дар дӯкон матлабатонро баён накардед?
- Чунки вохӯрии мо ногаҳонӣ буд ва ба замми ин ман муддати ду соати дигар сари масъалае, ки чун устухон дар гулӯям дармондааст, андеша намудам ва номзади арзандатаре аз шумо наёфтам.
- Аз ман дида? - бо як табассуми малеҳе пурсид мусоҳиби сарироҳиам ва ман беихтиёр мақоли халқии “роҳ ба дили мард аз меъдааш ва ба дили зан аз гӯшҳояш сар мешавад”- ро ба ёд овардам.
- Ҳа, аз шумо дида.
- Ин хел бошад, ман розӣ, - гӯён духтар ба роҳ даромад ва ман ҳам ба паҳлуи ӯ рост шудам. Мо сари андешаҳои хеш тайи як дақиқа ё шояд камтар гом задем. Дар интиҳо худи Зебои Ризвон сабуриро аз даст дода пурсид:
- Хуш, он чӣ коре будааст?
- Шумо худ шоҳид, ки ман нияти ба хориҷӣ кишвар рафтан дорам.
- Инро ман ду соат пеш аз ҳамон расмҳои барои шиносномаи хориҷӣ гирифтаатон фаҳмидам.
- Ин бори аввал нест, ки ман дар хориҷа будам.
- Чӣ шумо бандаро нияти ба хориҷи кишвар бурдан доред?
- Рафту агар шумо розӣ мешудед, сари ман ба осмон мерасид, вале то ҷое ки ман фаҳмидам...
- Дуруст фаҳмидед, аздусар ман ба хориҷӣ кишвар рафта наметавонам, чунки ман аллакай фотеҳа шудагӣ ва ба гумон аст, ки домод чунин амалро бипазирад.
- Агар махфӣ набошад, он ҷавони хушбахтро чӣ номест?
- Магар ин ба кори пешниҳодменамудаи шумо ягон дахл дорад?
- Не, албатта. Фақат банда мехоҳам донам, ки он ҷавони хушбахт, кист, ки чунин зебосанам ӯро ёр мешавад. Рафту аз шиносҳои ман бошад.
- Ӯро Шаҳбоз ном аст, шояд шиносед?
- Не, ман ёру дӯсте бо чунин ном надорам, вале гумон мекунам, ки ӯ лоиқи номаш аст. Охир номи хуб ними давлат аст, мисли он ки шумо худ арзандаи номатон ҳастед.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




