Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 406 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 406 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Оҳҳо киро мебинам? - гуфтани ман ӯро аз роҳ боздошт ва на танҳо боздошт, балки тақозо бар он намуд, ки ӯ нигоҳашро ба сӯйи банда равона созад.
  • Ин шумо?
  • Ҳа.
  • Шумо маро интизоред?
  • Шумо худ чӣ андеша доред?
  • Аз куҷо донам, ки шуморо чӣ фикру хаёле дар сар аст?
  • Ман ба ёрии шумо эҳтиёҷ дорам.
  • Чӣ хел ёрӣ?
  • Намедонам, ҳамаи инро ба шумо чӣ хел фаҳмонам? Шояд рухсат диҳед, ки ман шуморо гусел намоям ва роҳравон фикру андешаҳоямро баён созам.
  • Ба фикрам, инаш зиёдатист.
  • Чаро?
  • Чунки ман аллакай фотеҳа шудагӣ ва ҳатто агар фотеҳа ҳам намешудам, ба гумон буд муҳаббати шуморо пазирам.
  • Яъне, ки банда мақбули шумо нестам.
  • Шумо, ки ду умри бандаро ёд доред, чӣ тавр метавонам ман ба...
  • Боз мегӯянд, ки муҳаббат синну сол ва сарҳаду давлатро намепарастад.
  • Пойро ба қади бистар дароз намудан лозим, - гуфт мусоҳибам ва хост якумрӣ бо ман худоҳофизӣ намояд.
  • Истед, мақсади ман тамоман дигар аст.
  • Дигар?
  • Бале, банда мехоҳам кореро ба шумо пешниҳод намоям.
  • Шумо худ шоҳид, ки ман ҷойи кор дорам ва нияти ба кори дигар ҳам гузаштан надорам.
  • Яъне, ки кори кунуниатон ба шумо писанд аст?
  • Шикоят надорам.
  • Биёед, беҳтараш ман шуморо гусел намоям ва роҳравон, чӣ хеле ки аллакай гуфтам, мақсадамро баён намоям.
  • Яъне, ки вохӯрии мо тасодуфӣ нест ва шумо...
  • Ҳамин хел.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан