Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 405 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 405 аз 527 · 2 ноябри 2026

-“Ман донистан мехостам, ки аксбардори аксҳои урёни шумо кист?

  • Зебо ном дугонаам.
  • Ӯ чӣ кора аст?
  • Дар яке аз фотоателҳои шаҳр аксбардор шуда кор мекунад.” Ана ёбу гир, ки шаҳр пур аз чунин аксбардорҳову мо бехабар. Чӣ тазоде...
    ...35...
    Соати 20 05 дақиқа Зебои Ризвон аз бинои суратгирхона берун омад. Ҳамагӣ ду соат пеш ман дар суратгирхона будам ва баҳри шиносномаи хориҷӣ акс гирифтам, ҳарчанд он акс ба ман мутлақо лозим набуд.
    Чунин амали банда метавон гуфт, ки мақоли халқии “элак баҳонаю дидор ғанимат” - ро ба ёд оварад, агар мо дилдода мебудем. Тайи ҳамин чанд дақиқаи аксбардорӣ ман духтари аксбардорро хеле ҳам ситоиш намудам ва бори дигар ба хулоса омадам, ки Зебои Ризвон ҳам чун ҳама ҷинсҳои латиф таърифу тавсифро хуш дорад...
    Дар рӯшнои чароғи барқӣ ман самти ҳаракати ӯро муайян намудам ва чун вай аз паҳлуи бинои кинотеатр ба самти рост тоб хӯрд, ман низ аз самти дигари роҳ ба ҳамон тарафе, ки аксбардордухтар гом мезад, равон шудам. Тасодуфро бинед, ки мо ҳарду дар як вақт сари роҳи мошингард аз ду самт таваққуф намудем. Чун чароғаки тарафи мо сурх буд, мошинҳо суръати хешро суст накарда гузашта мерафтанд.
    Ман, ки чашм аз самти муқобил намекандам, баногоҳ бархӯрдани нигоҳи духтари аксбардорро бо нигоҳи хеш дидам. Ҳарчанд ӯ нигоҳашро аз нигоҳи банда мехост гурезонад, вале дар ҳамин як мижа задан ман ҳарду дастамро бардошта, табли шодӣ задам ва ин амали ман табассуми нафареро, ки ман ҳамагӣ ду соат пеш ба ӯ хушомад зада будам, ба бор овард...
    Ниҳоят чароғаки сабз роҳи моро кушода сохт ва чароғаки сурх мошинҳоро боздошт. Ман ба ҷойи пеш рафтан, баръакс, ба самти қафо ду қадам гузошта, Зебои Ризвонро интизор шудам. Новобаста аз он ки духтари аксбардор бандаро аз самти дигари роҳ ҳамагӣ чанд сония пеш дида буд, акнун мехост аз паҳлуи ман бепарво гузашта равад, вале ...
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан