Сари ҳамин масъала ман чанд андешаи хешро болои лисон овардам, то онро ба самъи роҳбарият расонам.
Яке аз он андешаҳо ин аз қафои Сайфуллои Карим бурдани назорати беруна ва ба зери назорат гирифтани телефон ва номаҳои ирсолшуда буд. Албатта, барои ин розигии прокурорро гирифтан лозим меомад, вале чун муфаттиши прокуратура зани ниҳоят оқила буд, ман ба анҷоми неки ин амал умед бастам...
Барои амалӣ шудани ин ниятҳо вақт лозим буд, ҳарчанд барои роҳбарияти мо ҳар дақиқа дерӣ мекард, вале ҳамаи ангуштони дастро яку якбора ба даҳон андохтан аз камоли хирад набуд...
“Обҳои равон, ки мебинӣ, ҳама аз қатраҳои борон аст,” хонда будам дар куҷое ва боз дар ҳамин лаҳза як сухани бобоямро (илоҳо рӯҳаш шоду манзили охираташ обод бошад) ба ёд овардам. Бобоям, ки ниҳоят марди фурӯтан буд ва ба сифати кор аҳамияти ҷиддӣ медод, ҳамеша як суханро такрор мекард: “Аз худо рӯз бисёру аз колхоз кор, чунки на ин тамом мешаваду на он мегурезад”. Бо ҳамин як сухан бобоям ҳамеша ба даҳони онҳое, ки аз пайи миқдор шудаву сифати корро сарфи назар карданӣ мешуданд, санг мезад...
Дар ҳамин ҷо ман Алихони Набипур ва Сайфулло Каримро ба ҳоли худашон гузоштам ва кунҷи нигоҳамро ба самти дигар тоб додам...
То вохӯрӣ бо Шаҳлои Носир ман гумон доштам, ки танҳо мардон қобилияти ба баъзе амалҳои паст даст задан доранд, вале он чи ки аз забони моделдухтар шунидам, ба ақл рост намеомад...
Саодати Назар иқрор шуд, ки ҳамчун зан аз тамошои аксҳои Шаҳлои Носир шарм доштааст. Ҳарчанд ман худ он расмҳоро надида бошам ҳам, вале тасаввур намудам, ки онҳо чӣ гуна аксанд...
То ҳамин лаҳза мо гумон доштем, ки ҳамаи ин расмҳо маҳсули дасти рӯзноманигори аз кор рондашуда мебошанд, вале худи Шаҳлобону аккоси дигареро, ки аз ҷинси худаш буд, ба мо муаррифӣ намуд.





