Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 403 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 403 аз 527 · 2 ноябри 2026

Худованд ростиро дуст доштааст ва шояд бо мадади Офаридгор мо номи аксбардорро дар зери акси «Барфи аввал»
хондем. Чӣ хеле ки мегӯянд, “гувоҳи рӯбоҳ думаш” ва акнун мо боварӣ доштем, ки ҳамин рӯбоҳ на як, балки ду маротиба тариқи обмурӣ вориди боғ гардида.
Барои собит намудани ин амали рӯбоҳ дигар далеле ҳам лозим набуд, чунки ӯ дусти наздики Сайфуллои Карим буд.
Дар навбати хеш бошад, бортинжинер дӯсти наздики Баҳром Ҳасан, ки замоне маъшуқаи хешро барои манфиатҳои нопоки хеш дар шакли урён ба мадди назари объективи Алихони Набипур гузошт ва дуюмӣ маҳсули кори хешро аҷаб не ки тариқи ҳамин бортинжинер ба мамолики Араб нафиристода бошад. Ба таври дигар гӯем, Алихони Набипур, Баҳром Ҳасан ва Сайфуллои Карим донаҳои ҳамон шаддамуҳраҳое буданд, ки марвориди он арӯси ноком Шамсия буд. Дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад ва собиқ рузноманигор ҳам ба ҷуз сағиру кабир, ё ба қавли Меҳрафрӯз -котибаи сармуҳаррире аз ошёнаи ҳаштуми бинои нашриёти “Шарқи озод”, ки ӯ низ сокини кӯчаи Сафедорон буд, ба ҷуз генералу вазир боз бо лочинҳои (бортинжинер дар назар аст), дар хизмати мардум камар баста, низ муносибати “дӯстона” доштааст ва, албатта, ҳамаи ин муносибатҳо бе тамаъ набуданд...
Ҳамаи ин танҳо як тарафи танга буд, тарафе, ки онро бе ягон амали зиёдати дидан имкон дошт. Тарафи дигари танга бошад, чун қисмати нонамоёни “моҳ” тадқиқоти махсусро тақозо мекард ва ҳодисаи ба сари Нодир Замон омадаро низ мебоист аз ҳамин самт ҷӯё шудан... Акнун тағои духтари тарҳсоз яке аз симоҳои асосии саҳнаи фаъолияти мо гашта буд...
Ҳарчанд банда мехостам аз пайи ҳамин кор шавам, вале боз андеша намудам, ки бе маслиҳату машварат ба чунин амал даст задан метавонад сарбориҳои зиёдеро дар рафти тафтишот ба бор орад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан