Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 402 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 402 аз 527 · 2 ноябри 2026

Чӣ хеле ки худи Шаҳло иқрор шуд, ҳамаи он аксҳое, ки аз дидани онҳо шарми кас меояд, маҳсули кори Зебои Ризвон будаанд, ана ёбу гир...
То лаҳзаи вохӯрии охирин бо тарҳсоз Шаҳлои Носир ман бар он андеша будам, ки расмҳои ба хориҷи мамлакат интиқолмешуда танҳо маҳсули кори рӯзноманигорест, ки сармуҳаррир бо чи азобҳое кафшҳояшро пеши по монда. Ба чунин хулоса омадани бандаро сабаб он буд, ки Мавлудаи Юсуф бо сӯзу гудоз шарҳи ҳоли хешро намуд: “Вақте ки дар мамолики Араб маро ба фоҳишахонае фурӯхтанд ва ман эътироз намудам, ҳамчун далели шайъӣ чунин аксҳоямро ба мадди назарам гузоштанд, ки аз диданашонм мӯйи баданам рост хест. Ман ҳатто нафаҳмидам, ки чӣ тавр ва кай ҷисми урёнамро сурат гирифтанд? Ман ҳамон солҳо ба Баҳром ном ҷавоне муҳаббат меварзидам ва аз куҷо медонистам, ки ӯ худозадаро чӣ фикру хаёле дар сар аст...” Баъди вохӯрӣ бо бародари Баҳром, ки кайҳо дар қайди ҳаёт набуд, ман бори дигар зиндагиномаи ӯро дар мизони ақл гузоштам ва худ ба хулосае омадам, ки дар суханони Мавлудаи Юсуф нисбати он Дон Жуан заррае муболиға нест. Дар он вохӯрӣ ман ба ҷуз акси Нодир Замон ва Шаҳлои Носир акси Алихони Набипурро низ ба мадди назари Мавлудаи Юсуф гузоштам ва ӯ ягон нафареро, ки тасвирашон дар дасташ буд, нашинохт, вале ман худ ба хулосае омадам, ки Мавлудаи Юсуфро дар ҳолати урён танҳо ҳамин рӯзноманигор ба объектив гирифта аст.
Акнун, ки ман дар ин бора маълумоти бештаре доштам, ба хулосае омадам, ки дар интиқоли духтарони паричеҳраи мо афроди ниҳоят маккоре дасту остин барзадаанд. Бубинед, Исмоил Ҳасан гуфт, ки дӯсти наздики Баҳром Сайф ном шахсест, ки дар фурудгоҳ ба ҳайси бортинжинер кор мекунад.
Шаҳлои Носир бошад, акси нодидаи хешро бо чунин зайл баён намуд: “Бо хоҳиши тағоям яке аз меҳмонҳо, ки дар даст асбоби аккосӣ дошт, маро расм гирифт.” На дар ҳолати аввал ва на дар лаҳзаи дуюм касе ҳам номи Алихони Набипурро ба забон наовард ва агар онро ба истилоҳи дигар баён созем, аксбардор дар ҳарду ҳолат ҳам дар соя монд, вале ...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан