Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 401 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 401 аз 527 · 2 ноябри 2026

Баъди чанд соат ҳамин ном дубора акси садо дод ва ифшогари он ҷияни худи бортинжинер гашт. Новобаста аз ин ки мардум номгадост, мегӯянд, ман то кунун баҳри пайвастани ин ду ном кӯшише ба харҷ надода будам, вале дилам гувоҳӣ медод, ки Сайф ва Сайфуллои Карим ҳарду як нафаранд.
Ман боз ба нишондоди Шаҳлои Носир, ки ҳанӯз болои миз буд, чашм дӯхтам...
Он рӯз ману модарам ба хонаи тағоям рафта будем. Яке аз меҳмонон, ки чун худи мо ба мавлуди тағоям даъват шуда буд, бо худ асбоби аккосӣ дошт. Ба дархости соҳибҷашн ҳамон меҳмон акси ҷияни соҳибҷашн, яъне бандаро ба объективи дар дасташ буда, дар фазои кушод, дар зери дарахти себе аксбардори намуд. Дигар ман на он аксро дидам ва на аксбардорро.

  • Ному насаби тағоятон?
  • Сайфуллои Карим.
  • Ӯ чикора аст?
  • Бортинжинери тайёраи ТУ-154.
    Ҳарчанд духтари тарҳсоз ному насаби аксбардорро ба ёд оварда натавонист, вале ман худам он рӯз дар китобхона дар зери акси «Барфи аввал», ки муаррифгари он Шаҳлои Носир буд, номи аксбардорро, ки бо ҳарфҳои сиёҳ болои лисони сафед омада буд, хондам ва он муаррифнома то кунун бандаро ором намегузорад: “Алихони Набипур.” Новобаста аз он ки банда аксҳои урёну нимурёни модели ҷавонро надида будам, вале ҳангоми суҳбат бо ӯ ба нохост ман суханони Саодати Назарро ба ёд овардам: - “Аз куҷо гирифтед, ки ин расми Шаҳлои Носир аст?
  • Ман соате ба модари Шаҳло суҳбат доштам ва чунин расмҳои вайро дидам, ки ҳатто худам ҳам шарм доштам.
  • Аз чӣ?
  • Гӯё намедонед, вале ҳамаи он расмҳо ба андешаи модараш тасвиркунандаи зебоӣ буданд. Сипас, модари Шаҳло ҳамин маҷалларо ки ҷигарбандаш муқоваи онро зеб дода буд, чун барги сабзе барои банда туҳфа намуд.” Ман гумон доштам, ки он расмҳоро ҳам Алихони Набипур гирифтааст, вале он чӣ ки аз забони Шаҳло шунидам, тарбуз аз бағалам афтид...
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан