Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 400 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 400 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Рафту агар лозим шуда монед...
  • Худоё, худаш чӣ гап? Беҳуда мардумон нагуфта буданд, ки даҳони пӯшида сад тилло. Афсӯс ман ҳамин чизи оддиро нафаҳмидам.
  • Шояд шуморо гусел намоям?
  • Лозим нест, акаҷон. Ба ҳаминаш ҳам шукр, ки маро ҷавоб додед, - гуфт Шаҳлои Носир ва табассуми малеҳе намуда, ба сӯйи дар қадам ниҳод...
    ...34...
    Дар нишондоди Шаҳлои Носир танҳо як ҳолат бандаро ором намегузошт. Ин ҳам бошад, инкор намудани шиносоии хеш бо муаллифи акси “Барфи аввал” ва хабар надоштан аз нашри акси мазкур дар маҷалла. Ба ҳамин қисми нишондод аз кунҷи муқобил нигоҳ намудан лозим меомад.
    Мавҷи хаёлоти ман боз ба кӯчаи Сафедорон, ҳавлии рақами 177, парвоз намуд...
    Ҳафтае пеш субҳи рӯзи душанбе банда чун сохтмончӣ ба хонаи аксбардори аз кор рондашуда ташриф оварда будам.
    Сабаби ташрифам ҳам то андозае ба ҳақиқат наздик буд, ҳарчанд он саргузашти сохтаю бофта бошад ҳам. Матлаби бандаро шунида собиқ рӯзноманигор як дарза рӯзномаю маҷаллаҳоро ба мадди назарам гузошт, вале дар байни онҳо ман акси “Барфи аввал”- ро надидам. Сипас, он расмро ман бо имзои ҳамон аксбардор аз китобхона дарёфтам...
    Чун ҳангоми вохӯрӣ ман дар бораи акси “Барфи аввал” хабар надоштам ва ташрифам ҳам ошкоро набуд, натавонистам дар бораи модел Шаҳлои Носир ҳарфе ба забон оварам. Имрӯз бошад, Шаҳлобону пайдоиши он аксро ба таври хеш шарҳу эзоҳ дод ва бо ин васила бехабар аз ҳолатҳои бавуқуъпайваста ду нафари дигарро рӯйи саҳна овард, ки симои яке аз онҳо ба тафтишот аллакай шинос буд...
    Дирӯз бегоҳӣ, вақте ки ман ба кӯчаи Саҳбо рафтам ва аз ҳолномаи Баҳром Ҳасан, ки Мавлудаи Юсуф ӯро сабабгори ҳамаи бадбахтиҳои хеш медонад, пурсон шудам, бародари Баҳром Исмоил ба чанд суоли банда посух гуфт. Маҳз аз забони Исмоил Ҳасан ман фаҳмидам, ки Баҳромро Сайф ном дӯсти наздике будаст ва ӯ дар фурудгоҳ ба ҳайси бортинжинер кор мекардаст...
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан