- Нархнома барои ҳама як аст. Ба замми ин Зебо дугонаи ман аст.
- Нафаҳмидам?
- Нархномаро аз рӯӣ ҳаҷми акс мегузоранд, на аз он ки шахс бо кадом либос ва дар кадом поза (шакл) истодааст.
- Гумон намекунам, ки чунин аксҳои нимурёнро дар дӯкони суратгирӣ гирифта бошед.
- Инаш рост, барои дар ҳолати нимурён аксбардорӣ намудани духтари мусулмон муҳити орому сокит лозим.
- Яъне, дар хона?
- Фарқ надорад, ки дар хона ё меҳмонхона ва ё санатория.
Муҳим он аст, ки он ки зебогии хешро ба мадди назари объектив мегузорад, аз чизе ҳарос надошта бошад.
-Он расмҳои шумо дар куҷо гирифта шуданд? - Дар мавзеъҳои гуногун, ҳатто ду расме дар кӯли «Комсомол» дорам, ки ...
- Чӣ ки?
- Хайр, худатон фаҳмед, ки ҳангоми оббозӣ чӣ либосе дар тани инсон аст.
- Ёру дӯстони тағоятонро мешиносед?
- Ман ҳеҷ шуморо нафаҳмидам.
- Мо мехоҳем ҳамон нафареро, ки акси шуморо дар зери дарахти хазоншуда, дар рӯзи барфи аввал гирифта буд, ёбем.
- Дар ин бора метавонед ба худи тағоям муроҷиат намоед, вале ман гуфта наметавонам, ки дӯстони ӯ киҳоянд, мефаҳмед?
- Акнун фаҳмидам. Мо худамон кӯшиш мекунем, ки ба ин тарафи масъала рӯшанӣ андозем.
- Ман метавонам равам?
- Танҳо баъди ба нишондодатон шинос шудан ва онро бо имзои хеш тасдиқ намудан, - гуфтам ман ва нишондоди моделро ба дасташ додам.
- Хуш, дар куҷо имзо гузорам? - бепарвоёна гуфт Шаҳлои Носир.
- Шумо аввал онро хонед.
- Ман ба шумо бовар мекунам, - гӯён Шаҳло ба он ҷойҳое.
ки банда нишона монда будам, имзо гузошта, коғазҳоро оҳиста болои миз гузошт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




