- Ба ҳамон хапакҳо, банда худамро ба лӯлиён ташбеҳ медиҳам.
- Сипас, чӣ шуд?
- Ман ҳамон лаҳза дар дилам қарор додам, ки ягон рӯз бо Парисо вохӯрда, андешаҳои хешро ба ӯ иброз намоям, то тоқии сари ҳамагон нашавад. Ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки чӣ тавр Парисо барин духтари паричеҳра бо чунин ҷавони муғулинажод дил додааст, ҳарчанд ӯ дар нисбати ошиқи дигари Парисо ҷавонтар буд. Ягона нишонае, ки таваҷҷуҳи бандаро бедор намуд, ҳамон абрӯвони ғафсу пайвастаи ӯ буданд. Ҳамаи инро сабаб он шуд, ки ҷавон худ нигоҳашро ба боло, ба сӯйи ман дӯхт. Эҳтимол ӯ акси бандаро бо акси маҳбубаи хеш қиёс кардан мехост. Ман ба саҳни ҳавлӣ баромада, китобро ба Мавҷигул додам ва худ ҳамоно пас гаштам. Субҳи рӯзи якшанабе соатҳои шаш аз хоб хеста, ҳамроҳи модарам сари роҳ баромадем ва таксиеро боздошта, ба аёдати холаам ба дараи Ромит, дурусттараш ба Явроз, рафтем. Рӯзи душанбе ман сари субҳ ба мактаб ва аз он ҷо ба кастинги барпонамудаи ширкати “Виле КЭТ” рафтам. Сари роҳ ҳангоми ба кастинг рафтан ба модарам занг зада хостам, фаҳмам, ки ӯ аз хонаи холаам баргаштааст ё не ва аз забони ӯ дар бораи дар бораи ҳодисаи ба сари Парисо омада огоҳ шудам. Ман ҳам андешаҳои хешро дар бораи чӣ тавр ва дар кадом ҳолат Парисоро диданам, ба модарам гуфтам.
- Гуфтед, ки аксҳои нимурён доред?
- Бале, гуфтам.
- Ман донистан мехостам, ки аксбардори чунин расмҳои шумо кист?
- Зебо ном дугонаам.
- Ӯ чикора аст?
- Дар яке аз фотоателҳои шаҳр аксбардор шуда кор мекунад.
- Насабаш?
- Зебои Ризвон.
- Гумон мекунам, ки арзиши гирифтани чунин аксҳо аз аксҳои муқаррарӣ гаронтар аст?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




