Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 397 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 397 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Шахсан ман ҳеҷ гоҳ намехоҳам, ки тоқии ҳар сар бошам.
  • Чаро дар нисбати Парсио чунин андешаи бад намудед?
  • Намедонам.
  • Мо донистан мехоҳем, ки чаро шумо дар ду шабонарузи баъди ҳодиса ба касе лом нагуфта, пас ба тафтишот ёрӣ додан хостед?
  • Акнун фаҳмидам, ки чаро шумо ба ман бовар накардед.
  • Мо мехоҳем ба ҳамаи самтҳои ин қазия рӯшанӣ андозем.
  • Чунки ман худам аз ҳодисаи ба сари Парисо омада хабардор набудам.
  • Чӣ хел хабардор набудед?
  • Дар ёдатон бошад ҳодиса шаби шанбе ба якшанбе рух дод, ё гапам нодуруст?
  • Не, дуруст?
  • Ман, ба фикрам гуфтам, ки соатҳои бистуяк аз хона баромадам ва ба самти поён ҳаракат намудам, чунки лифт кор намекард. Дар байни ошёнаҳои нуҳум ва ҳаштум Парисоро дидам, ки ҳамроҳи ҷавони бистусе-бисту панҷсолае, ки дар тан палтои кутоҳи сиёҳ ва дар сар телпаки ҳамранги палтояш дошт, боло мебаромад. Ман, ки Парисоро чанд маротибаи дигар ҳамроҳи ҷавонмарди дигаре дида будам, аз ин вохӯрии ногаҳонӣ каме дасту по хӯрдам. Ин амали Парисо ба ман ҳамон лаҳза писанд наомад, вале ман наметавонистам ӯро дар ҳузури ошиқи наваш ба ҷояш шинонам. Албатта, ман ҳам фаришта нестам, вале нисбати он духтароне, ки шаъни хешро паст мезананд, нафрат дорам. Ман худам ҳам аз ҳаққу ҳамсояҳо дар атрофи номи хеш борҳо суханони пасту баланд шунидаам, вале худо худаш шоҳид, ки ба ҷуз ҳамон аксҳои нимурён дигар гуноҳе содир накардаам. Ман ҳамеша зебогии ботиниро парастиш мекунам, ҳарчанд ман чун модел зоҳири хешро борҳо ба мадди назари мардум гузоштаам. Як сухани хеле маъмул ба ёдам омад.
  • Бифармоянд.
  • Мегӯянд, ки “лулиён лаб лаби бом, хапаке корро тамом.”
  • Ба андешаи шумо Парисо ба кадоме аз ин гурӯҳҳо мансуб буд?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан