- Ман маҷбурам, ки шуморо дар асоси қонун барои надодан ё додани баёноти бардурӯғ огоҳ намоям.
- Яъне, шумо ба ман боварӣ надоред.
- То кунун боварӣ доштам, вале акнун...
- Чаро суханатонро буридед?
- Чунки мехоҳам ба шумо боз як имконият диҳам, то ки андеша намоед.
- Андешаи чӣ?
- Андешаи расмҳои дар маҷаллаҳо чопшуда ва номи аксбардори онҳо.
- Ба ростӣ, ман худ хабаре надорам.
- Боре шумо аз шохаи кайҳо хазонгаштаи дарахти себ дошта истода акс гирифта будед, дар тан палтои зебое доштед...
- Акнун ба ёд овардам. Он рӯз барф меборид. Ба фикрам, барфи аввалин буд. Аз он вақт ду ё се сол гузаштааст, чӣ буд?
- Ҳамон акси шумо дар маҷаллае нашр шуда.
- Намедонам.
- Ман фаҳмидан мехоҳам, ки аксбардор кӣ буд?
- Он рӯз ман ба хонаи тағоям рафта будам ва на танҳо ман, балки модарам ҳам рафта буд. Яке аз меҳмонҳои ба мавлуди тағоям даъватшуда бо худ асбоби аксбардорӣ дошт. Бо хоҳиши тағоям ҳамон меҳмон акси ҷиянаш, яъне бандаро гирифт. Дигар ман на он расмро дидаму на аксбардорро.
- Ному насаби тағоятон?
- Сайфуллои Карим.
- Ӯ чикора аст?
- Борт инжинери тайёраи ТУ-154.
- Шумо гуфтед, ки нафареро, ки бо Парисо муносибати наздик дошт, мешиносед.
- Ман гуфтам, ки Парисо чанд маротиба ҳамроҳи дигар кас дидам, он шаб бошад.
- Чӣ хел он шаб бошад?
- Он шаб чун ман Парисоро ҳамроҳи он ҷавони манғитмонанд дидам, дилам аз ҳама монд, аз олам ҳам, аз одам ҳам ва аз ҳамҷинси хеш ҳам, мефаҳмед?
- Чаро аз ҳамҷинсатон?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




