- Бовар кунед, ҳамин хел аст.
- Яъне, ки то ба кастинг рафтан шумо дар ягон реклом иштирок накардаед.
- Аз рӯи шартҳои озмун ман як расми хешро, ки ду сол пеш дар маҷаллае нашр шуда буд ва боз чанд ҳамин гуна расмҳоямро, ки бо сабабҳои номаълум рӯйи чопро надиданд, ба мадди назари ба қайдгирандагони озмуни ширкати мазкур пешниҳод намуда будам.
- Расми чопшудаатон чи ном дошт ё онро бе ном нашр намуданд.
- Ман чун рекломи аввал як боронии зебои фабрикаи дӯзандагии шаҳрамонро ба бар намуда будам. Дар зери расм бошад “Боронии тирамоҳӣ ба ҳусни шумо ҳусни нав зам мекунад, навишта шуда буд.”
- Ин амали кадом аксбардор буд?
- Ҳоло дар ёдам нест.
- Тамом?
- Тамом.
- Дигар ягон акси шумо саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳоро зеб надодааст?
- Не.
- Шояд ягон расматон чоп шудаву шумо хабар надоред.
- Гумон намекунам.
- Муаллифи он расмҳое, ки ба озмун пешниҳод кардед, кадом аксбардор буд.
- Намедонам.
- Охир чунин аксҳоро бе муҳри шахсии аксбардор ё ателеи аксбардорӣ ба озмун қабул намекунанд, пас чӣ тавр шумо онҳоро ба комиссияи озмун пешниҳод намудед?
- Дар он расмҳои пешниҳодкардаи ман ягон муҳр ҳам набуд.
- Мо расидем.
- Ба куҷо?
- Ба финиш, ба он ҷое, ки баҳри суҳбат шуморо огоҳ намудан шарт набуд.
- Акнун чӣ?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




