- Хуш, муваффақиятҳо чӣ хел? - ниҳоят пардаи хомӯширо дарида, пурсидам ман.
- Бад не, акаҷон.
- Реклом чӣ хел гузашт?
- Олиҷаноб, ҳарчанд ман ҳангоми аксбардорӣ ниҳоят монда шудам.
- Албатта, дар реклом бо ягон пероҳани олиҷаноб иштирок намудед?
- Баръакс, ман дар рекломе иштирок намудам, ки пероҳан ҳам лозим набуд.
- Шуморо нафаҳмидам.
- Ман дар рекломи маводҳои ҷойи хоб иштирок намудам.
Тасаввур намоед, ки ҳуҷраи барҳаво, бистари зебои хориҷӣ ва банда рӯйпуши бистари ҷойи хобро ба мадди назари харидор гузошта. Албатта, ман тани урён набудам... - Хайрият, набошад ман гумон намудам, ки...
- Гумонҳои беасос.
- Яъне, шумо кати хобро ба мадди назари харидорон гузоштед.
- Не, маводҳои кати хобро.
- Сарпарасти ҳамаи ин рекломҳо кист?
- Як ширккати хориҷӣ ва агар бовар намоед ман ситораи он.
- Он чӣ ширкатест?
- «Виле КЭТ» ном дорад. Ин ширкати шотландиест.
Тарҷумааш ба забони тоҷикӣ “Гурбаи ваҳшӣ” мешудааст.
Аслан ин фирма дар арсаи ҷаҳон бо либосҳои аз матои ҷинс дӯхташуда шӯҳратёр гашта. Ҳафтае пеш ман як намуд либосҳои такпӯши занонаи ширкати мазкурро ба мадди назари мардум гузоштам, дирӯз бошад, бо ҳамон либосҳо маводи ҷойи хобро муаррифӣ намудам. Гуфтам – ку, ман расми урён нагирифтаам. - Ман ҳайронам, ки чӣ тавр шумо он ширкатро ёфтед?
- Дар ин бора дар рӯзномаҳо эълон буд ва ман аз рӯи эълон ба кастинг рафтам ва чун дар он ҷо ғолиб омада, ҳуқуқи дар реклом иштирок намуданро пайдо кардам.
- Яъне, ки бе ягон тағобозӣ.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




