Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 393 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 393 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ҳамааш ба он вобаста, ки мо кай ба парвандае, ки мавриди санҷиш қарор додаем, нуқта мегузорем.
  • Агар нияти шумо нек бошад, албатта, ба мақсад мерасед,
  • гуфт Исмоил Ҳасан ва ба ман шаби хуш орзу намуд.
    Ман интизори омадани нақлиёти шаҳрӣ нашуда, ба самти ғарб қадам ниҳодам...
    ...33...
    Рӯзи сешанбе, вақте ки аз тановули нисфирӯзӣ баргаштем, дар пеши бинои милиса Шаҳлои Носир ҳамон моделеро, ки ба қавли модараш ба сархорӣ вақт надошт, дидам.
    Чун нигоҳи мо бо ҳам бархӯрд, ӯ бо ишораи сар ба мо салом дода, ба тарафи мо қадам ниҳод. Ман маҷбур шудам, ки суръати қадаммониамро сусттар намоям, то вайро бубинам.
  • Салом, акаҷон, - баробари наздик шудан гуфт тарҳсоз.
  • Салом.
  • Бубахшед, ки тайи ин чанд рӯз ман омада натавонистам, дирӯз бегоҳӣ ба хона баргаштам ва модарам ана ин даъватномаатонро ба дастам дод. Ҳарчанд дар ин таъҷилӣ навишта шуда буд, вале бо баъзе сабабҳо ман омада натавонистам. Сари субҳ бошад, ба дарс рафтам, чунки тайи чанд рӯз дар дарс ҳам иштирок карда натавонистам ва интизори тамомшавии пурраи дарс нашуда, аз дарси охирин ҷавоб гирифта, ба ин ҷо омадам. Соате боз ана дар ҳамин пеши бино омадани шуморо интизорам.
    Ҳарчанд тайи чанд рӯз дар қалби ман нисбати ин гурбаи аз об бурун омада як нафрате бедор шуда буд, вале худи модел онро дар як сухан аз вуҷуди банда фарсахҳо дур партофт.
    Саломи ӯ ҳамон қадар боодобона буд, ки ман дасту по хӯрдам, ҳатто худам ҳам нафаҳмидам, ки чӣ тавр вайро ба дафтари кориам даъват намудам.
    Ёрдамчии навбатдор духтарро ҳамроҳи ман дида дигар ҳуҷҷаташро ҳам напурсид. Лаҳзае пас мо аллакай ба ошёнаи дуюм баромадем. Вориди дафтари корӣ шуда, курсиеро ба Шаҳло нишон додам ва сипас чашмаки тирезаро кушода, худ ба сари мизи кориам нишастам.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан