Чун дар рафти тафтишот ин амал тасдиқи воқеии хешро наёфт, нисбати Баҳром парвандаи ҷиноиро қатъ намуданд.
- Он духтарро чи ному насабест?
- Мавлудаи Юсуф.
- Ман ҳамчунин мехостам, ки шумо чанд тан аз дӯстони Баҳромро ном мебурдед.
- Вайро Сайф ном дӯсте ҳаст.
- Насабаш?
- Насабашро намедонам, вале ӯ дар фурудгоҳ кор мекунад.
- Ӯ чӣ кора аст?
- Бортинженер.
- Яъне, ки онҳо ҳамсинну сол нестанд?
- Не, Сайф тахминан бисту ҳашт - сисола аст. Ба фикрам, ӯ омӯзишгоҳи авиатсиониро дар Русия хатм карда омадааст.
- Оё гуфта наметавонед, ки онҳо чӣ тавр шинос шуданд?
- Тариқи як рӯзноманигор.
- Ному насаби рӯзноманигор?
- Ному насабашро ба ёд оварда наметавонам. Баҳром гуфта буд, ки ӯ рӯзноманигори суратгир аст.
- Оё гуфта наметавонед, ки чӣ сабаб шуду байни Баҳром ва бортинженер чунин дӯстие пойдор гашт?
- Не.
- Боз чиро ба ёд оварда метавонед?
- Чӣ хеле гуфтам, саргузашти Баҳром на боиси панд аст, аз ин рӯ, ба ёд овардани ҳолномаи ӯ ниҳоят мушкил аст.
- Рафту ягон чизи дигарро ба ёд овардед, хоҳиш мекунам ана бо ҳамин телефон (ман аз ҷузвдон лисони хурдеро бароварда, баъди сабти рақами телефон онро ба дасти Исмоил Ҳасан додам) занг занед.
- Ман кӯшиш мекунам.
Сипас, мо бо ҳам худоҳофизӣ намудем. Аз он мавзее, ки ҳавлии Исмоил Ҳасан ҷойгир буд, шаҳр дар зери по метофт.
Чароғҳои шаҳр як манзараи тамошобобро пешкаши бинанда мекарданд. Исмоил Ҳасан маро то сари роҳи калон гусел намуд. Ӯ ҳатто роҳравон аз ман пурсид, ки кай метавонад аз натиҷаи ҳодисаҳо огоҳ шавад ва оё ӯ метавонад ба ёрии банда умед бандад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




