Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 391 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 391 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Баҳром дар он “бозии” Аҳриманҳо аз пиёдааскаре беш набуд. Пиёда аскар бошад, ба гумон аст, “бос”-ро шиносад.
    Шумо дуруст гуфтед, ки садамаи автомобилӣ дар ағбаи Анзоб тасодуфӣ нест.
  • Ман не, дигарон он садамаро чунин баҳогузорӣ намуданд.
  • Чӣ фарқ дорад, ки шумо гуфтед ё дигарон, аз ду сар мо Баҳромро аз даст додем.
  • Ман донистан мехоҳам, ки чӣ тавр ӯро барои ҳамкорӣ бо одамрабоён ба ҷавобгарӣ накашиданд.
    -Чӣ хеле ки гуфтам, доираи фаъолияти ӯ аз нашъаҷаллобӣ оғоз ёфт ва ба гумон аст, ки худи Баҳром ба одамрабоӣ даст зада бошад. Ҳамаи ин шояд як системаи муайян бошад.
    Мегӯянд, ки мор оҳиста-оҳиста ба аждаҳо мубаддал мешавад ва нафси онҳое, ки нашъаро сарвати ягонаи хеш медонанд, аҷаб не авҷ нагирифта бошад. Аз болои Баҳром ҳам дар асоси шикояти духтаре, ки гӯё аз мамолики Араб гурехта омадааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз намуданд, вале чун далелҳо муътамад набуданд, онро дар рафти тафтишот қатъ намуданд. Ман намедонам, чӣ тавр шуду Баҳром баъди ҳама он корнамоиҳояш дар паси парда монд, вале ман акнун ба хулосае омадам, ки тафтишот на Баҳромро, балки сарпарастони ӯро ҳимоя намудааст. То ҷое ҳақ ба ҷониби шумо ҳам ҳаст, ки фалокати нақлиётӣ дар ағбаи Анзоб на тасодуфӣ, балки сохта аст. Ҳамаи инро ман аз рӯйи фаъолияти худи Баҳром мебинам.
    Бубинед, онҳо чӣ хел рафтор намуданд. Сараввал ӯро аз ҷазо озод намуданд, то мабодо дар суд сухане алайҳи онҳо нагӯяд, сипас чун ҳама орому сокит шуд, ба якборагӣ аз ӯ халос шуданд. Аҷаб нест, тайи ин муддат онҳо аз ҳама асрори ниҳони вай огоҳ нашуда бошанд.
    -Он духтарро чӣ шикояте будааст?
    -Ӯро бо кадом роҳе ба мамолики Араб ба кор фиристоданд. Чун ба он мамолик рафтааст, вайро ба фоҳишахонае фурӯхтанд. Албатта, эътироз намудааст, вале расмҳои урёнашро баҳраш пешкаш намуданд, ки агар ту фоҳиша набошӣ, ин расмҳои урёнро чаро пеш аз омаданат ба ин ҷо фиристодӣ. Духтар ба гуфти худаш дар Ватан маҳбубаи Баҳром будааст, ҳодисаи ба объектив дар шакли урён афтиданашро низ аз Баҳром дида...
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан