Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 390 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 390 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Сари ҳамон суханони шумо андеша дорам.
  • Замоне, ки мо мактабхон будем, як шоҳсухане бо ҳарфҳои заррин дар даромадгоҳи мактаб сабт шуда буд: “Агар дар бораи шаҳре ба ман сухан гуфтан мушкил бошад, он шаҳр Сталинград аст.”45
  • Оё гуфтанӣ нестед, ки дар бораи бародаратон сухане гуфта наметавонед?
  • Чӣ гӯям?
  • Росташро.
  • Дар бораи Баҳром сухан гуфтан барои ман осон нест ва сабабашро ман аллакай гуфтам.
  • Шумо худро дар бадбахтиҳои Баҳром гунаҳкор меҳисобед?
  • На танҳо ман, балки волидайнамон ҳам кӯшиданд, ки Баҳром аз роҳи пешгирифтааш баргардад, вале афсӯс...
  • Он чӣ роҳе будааст?
  • Сараввал ӯ бо наъшаҷаллобон дӯстӣ пайдо кард.
  • Ӯ худаш ҳам истеъмол мекард?
  • Не, вале дар интиқоли маводи мухаддир даст дошт.
  • Пас чаро ба милиса арз накардед?
  • Шумо худ медонед, ки чиҳо гуфта истодаед?
  • Албатта.
  • Вале ман чунин намешуморам.
  • Далел.
  • Рафту агар милиса кор мекард, доираи фаъолияти Баҳром ва Баҳром баринҳо ривоҷу равнақ намеёфт. Рафту агар милиса кор мекард, Баҳроми нашъаҷаллоб ба одамрабоён ҳамкорӣ намекард.
  • Албатта, гулзор бе хор нест, вале аз рӯи инсоф нест, ки ҳамаи милисаро гунаҳкор намоед.
  • Як гови р...ҳамаи подаро бадном месозад.
  • Пас канӣ он гов?
  • Инашро ман намедонам.
    -Баҳром ҳам намедонист?

45 Сухан аз Долерес Ибарӯрӣ.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан