Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 389 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 389 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ҳатто барои собит намудани бегуноҳии вай моро лозим аст, аққалан як маротиба аз ҳамон пайроҳае, ки ӯ гузаштааст, қадам занем.
  • Чун банда сари дигар эпизодҳои ҳарду ҳодиса банд ҳастам, агар шумо зид набошед, ҳамин тарафи корро ба души Ҷомии Шариф гузорем.
  • Охир ӯ ҳанӯз ҷавон аст ва таҷрибаи дурусти корӣ надорад.
  • Шербачаро шикор шер мекунад, на андеша...
  • Ин хел бошад, ман розӣ...
    ...32...
  • Шумо гумон доред, ки ...
  • Ман не, балки онҳо...
  • Ному насабашон?
  • Инро, албатта, ман ба шумо нахоҳам гуфт, вале агар шумо ба тафтишот ёрӣ диҳед, рӯзе ҳақиқати ҳолро хоҳед фаҳмид.
  • Шумо, ки ягон далели аниқ надоред, чӣ тавр метавонед ба ёрии банда умед бандед?
  • Гумон намекунам, ки шумо худ асли воқеаи ба сари бародаратон омадаро фаҳмидан нахоҳед.
  • Албатта, ман мехоҳам фаҳмам, вале чун шумо далеле дар даст надоред...
  • Агар дар ҳақиқат шумо асли воқеаро фаҳмидан хоҳед, маҷбуред, ки ба суханони банда бовар намоед. Барои ин ман аз шумо талаб намекунам, ки кӯҳро чаппа намоед.
  • Ман мефаҳмам.
  • Хуш...
  • Мардум гумон баранд, ки мо шоди ғурбатем, Дар зери ҳар табассуми мо сад мусибат аст...
    Чунинашро ман интизор набудам. Ҳарчанд мусоҳиби банда то кунун сухани аслии хеш нагуфта буд, вале маълум буд, ки дарду доғи ӯро интиҳо нест. Ба ҳар ҳол ман сухане ба забон наовардам, то ӯ худ сухани хеш бигӯяд. Муддате дар фазои хона хомӯшӣ ҳукмфармо гардид.
  • Хуш, чаро суол намедиҳед? - ниҳоят муҳри хомӯширо вайрон карда пурсид Исмоил Ҳасан.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан