Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 388 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 388 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Рӯз, моҳ, сол ва ҷойи таваллуд?
  • 6-уми феврали соли 1987, шаҳраки Деҳбаланд.
  • Ҷойи зист?
  • Кӯчаи Сафедорон, 216.
  • Ҳолати оилавӣ?
  • Оиладор, шавҳарам Нодир Замон
  • Маълумот, ихтисос?
  • Олӣ, ихтисосам соҳаи туризм.
  • Ҷойи кор?
  • Муваққатан бекор. Соле пештар дар маркази туризм ва сайёҳии шаҳр кор мекардам.” Сипас ман матни пурраи гуфтугӯи Раънои Салимро бо Наврӯз Умар гӯш намуда, диктофонро хомӯш кардам.
  • Хуш, чӣ хел?
  • Бад не.
  • Бозёфтро дидӣ?
  • Дар матн бозёфте нест.
  • Баҳс намекунам, вале дар анкета...
  • Охир вай соле пеш дар маркази туризм ва сайёҳӣ кору фаъолият доштааст.
  • Албатта, муҳаббат сарҳаду миллатро намепарастад, вале месазад, ки мо сари муҳаббати Раънои Салим ва Нодир Замон андеша намоем.
  • Муҳаббат чун муҳаббат, дигар чӣ?
  • Хоҳиш мекунам, пеш аз муҳлат хулосаи хеш нагӯед?
  • Гумон мекунед, ки ҳамаи ин ягон натиҷае медиҳад?
  • Намедонам, вале бояд иқрор шавам, ки Раънои Салим ба ман маъқул нашуд.
  • Ин маънои онро надорад, ки мо аз вай гумонбар шавем.
  • Медонам, вале ба андешаи банда дар ҳамаи ин ҳодисаҳо зери коса нимкосае ҳаст.
  • Дузд як касу гумонбар сад кас.
  • Маро дуруст нафаҳмидед.
  • Шояд шуморо нафаҳмида бошам, вале беасос мо наметавонем аз Раънои Салим гумонбар шавем. Бе ин ҳам дарду доғи вайро, интиҳо нест.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан