Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 387 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 387 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ман боз лаҳзае дар пеши бино мондам, то сари суҳбати хеш бо Наврўз Умар андеша намоям:
Бузургӣ ба ақл аст на ба сол, гуфтаанд мардони ориф ва имрўз Наврўз Умар, ки қариб панҷ сол аз ман хурдтар аст, бори дигар ҳамин нуқтаи назарро тасдиқ намуд ва дар барқарор намудани муносибатҳои минбаъдаи мо иқдом намуд.
Ман афсӯс ба он хӯрдам, ки чаро дар барқарор намудани муносибатҳои саршудаамон худ талоше ба харҷ надодам ва ҳатто суханҳои бобоям: “Хусусмат хислати бадтарини инсон аст?” – ро дар ин ҷода сармашқи кори худ накардам?
Наврўз Умар дар ин ҷода пешдастӣ кард. Зиҳӣ инсоне бо чунин дили бузург!
Чун омадани Шаҳлои Носирро интизор будам, ба навбатдор фаҳмондам, ки агар касе ба суроғи банда омад, ман дар дафтари кории сардори бахш мешавам ва худ аз зинаҳо ба тарафи ошёнаи дуюм ҳаракат намудам...
Чунин амал танҳо таваҷҷуҳи банда ба бозёфти Наврӯз Умар набуда, балки собит сохтани анҷоми гуфтушуниди мо буд...
Наврӯз Умар ба истиқболи банда аз ҷойи бархоста, бо ишораи даст курсиеро нишон дод Чун ба курсӣ нишастам, ӯ аз ғалладони мизи кориаш диктофони хурдакакеро бароварда, назди ман гузошта гуфт:- Ҳамааш дар ҳамин ҷо.

  • Ҳеҷ чизро намефаҳмам.
  • Бозёфт дар ҳамин ҷо, - ба тарафи диктофон ишора намуда гуфт ӯ
  • Ман метавонам инро ба худ гирам?
  • Албатта, вале...
  • Вале чӣ?
    -Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.
  • Яъне, ки ҳамин ҷо?
  • Ихтиёр шуморост, хоҳед ин ҷо, хоҳед он ҷо...
    -Ҳар чӣ бодо бод, - гӯён ман тугмачаи овозро пахш намудам...
  • “Ному насаб?
  • Раънои Салим.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан