Сари як пиёла чой мо хеле суҳбат намудем. Аслан мавзуи суҳбат озод буд ва ҳадафи он характери дипломатӣ дошт.
Соате пас мо аз чойхона берун шудем ва ман бори дигар итминони комил ҳосил намудам, ки Наврўз Умар ба ҷуз милиса будан дипломати варзида ҳам ҳаст. Бубин, ў бо як кӯшиш тавонист ҳамаи он ғубори дар дили банда ҷойгирифтаро аз замирам берун созад. Ба ростӣ, ман худам ҳам шарм доштам, ки чаро ман, не балки худи сардори бахш дар ин ҷода қадами аввалинро гузошт.
- Акбар-ако аз хурд гуноҳу аз калон бахшиш гуфтаанд ва аминам, ки гуноҳи бандаро авф мекунед.
- Кадом гуноҳ, шумо чиҳо гуфта истодаед?
- Ҳамон худписандиҳои банда, ки боиси сардии муносибатҳои мо гашт.
- Новобаста аз ҳар гуна муносибат шумо барои ман чун сардор боқӣ мемонед. Магар ҳамин басанда нест.
- Ман бо шумо муносибати бародарона доштам ва мехоҳам ҳамон муносибатамон пойдор монад. Инро барои он мегўям, ки вазифа мероси падари касе нест. Имрӯз метавон зинсавор буд, вале канӣ кафолат, ки фардо зинбапушт нашавӣ…
- Метавонед осуда бошед.
- Аз чӣ?
- Аз он ки банда ҳаргиз дар талоши ҷою мансаби шумо набудам.
- Агар шумо мансабталош мебудед, кайҳо ба ҷое расида будед, вале мақсади ман дигар аст. Ман он рўз ҳамин хел як шӯхӣ намудам, шӯхие, ки оқибаташро андеша накардам, шӯхии бемурувват ва акнун чун шахси гунаҳкор аз шумо узр мепурсам.
- Ман кайҳо ҳамаашро фаромўш намудам.
- Набошад, даст диҳед.
Ман дасти ростамро ба сӯи ў дароз намудам ва муддате мо дар ҳоле, ки дасти якдигарро мефишурдем, қадам задем. - Ман барои шумо бозёфте дорам, агар хоҳед метавонед ба дафтари кори банда бароед, - гуфт Наврўз Умар ва ба сӯи бинои милиса ҳаракат намуд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




