Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 385 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 385 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Мо ҳатто аз худ напурсидем, ки чаро қотил ба чунин амал даст задаст ва ўро бо Хуршед Малик чӣ рақобатест.
    Инаш ҳам дарди бахайр мебуд, агар мо дар бораи Хуршед Малик ақаллан маълумоте медоштем. То ҷое мо дар ин бора маълумот ҳам доштем, вале он ҳам ба манфиати худи Хуршед Малик буд, яъне ў дар зиндагӣ шахси озод буд ва ҳуқуқи дубора издивоҷ намуданро дошт.
    Мо бошем, ба ҳамин қаноат намудем. Чун ҳама мардони қаноатпеша, ки аз бешу ками зиндагӣ шикоят намекунанд ва чунин шахсиятҳоро мо аксар вақт ситоиш ҳам мекунем, бехабар аз он ки… қаноатпешагӣ ҳам меъёре дорад. Дар шароити кунунӣ Хуршед Малик ягона шахсияте буд, ки бо ҳама “корнамоиаш” аз мадди назари милиса дур монда…
    Наврўз Умар вориди дафтари кории банда шуд ва ман маҷбур шудам. ки Хуршед Маликро ба ҳоли худаш гузошта, аз рӯи эҳтиром аз ҷой бархеста, ўро ба нишастан таклиф намоям.
  • Сари субҳ чой нанўшида омадам. Мехостам бандаро то чойхона ҳамроҳӣ мекардед, - гуфт сардори бахш.
  • Шояд як чой монам?
  • Чӣ лозим худро азоб додан, беҳтараш биё ба чойхона меравем.
    Тайи солҳо ман ҳамроҳи Наврўз Умар дар милиса кору фаъолият доштам ва муносибати мо на дар пояи сардору зердаст, балки дар пояи бародарӣ қарор дошт, вале чанд рўз боз муносибати мо сард гашта. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки чанд рўз пеш Наврўз Умар мақому манзалати хешро барои банда нишон додан хост, бехабар аз он ки зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад. Ин субҳ бошад, дар ҳоле ки ман бо Хуршед Малик - бо нафаре, ки аз мадди назари милиса дур монда буд, нияти даст ба гиребон шудан доштам, ў ба суроғи банда омад.
    Бобоям, илоҳо ҳамеша руҳаш шоду манзили охираташ обод бошад, таъқид мекард, ки бадтарин хислати инсонӣ ин дар дил гирифтани хусумат аст…
    “Аз сухани дўст шикастан, гардани шайтон шикан!” нидо омад аз замирам ва ман аз ҷой бархостам…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан