Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 384 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 384 аз 527 · 2 ноябри 2026

Мисли он ки қувваи барқ таконат медиҳад, кунҷи нигоҳи навбатӣ вуҷудамро ларзонд…
Ҳамаи инро сабаб он буд, ки тайи зиёда аз як ҳафта мо боре ҳам Хуршед Маликро ба ёд наовардем, ҳол он ки нишондоди ҳамонлаҳзинаи вай тахлилу санҷиши аниқро талаб мекард. Мо ҳатто дар куҷо ва чӣ хел гум намудани корди ўро мавриди таҳлилқарор надодем.
Дар рўзи аввали ба қайдгирии ҳодиса, вақте ки муфаттиши прокуратура аз ваколатҳои доштааш истифода бурда, Хуршед Маликро баъди гирифтани забонхат барои аз ҷой зисташ нарафтан озод намуд, мо кормандоне, ки шомили гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ будем, каме ҳам бошад дар шигифт шудем, ҳарчанд эътирозе ҳам нанамудем. Ҳоло бошад андешаҳои ман дар ин хусус тамоман дигар аст. Маҳз аз хунукназарии мо муфаттиши прокуратура ба хато роҳ дод. Рафту агар мо ҳамон вақт эътироз менамудем ба гумон буд, ки Саодати Назар гуфтаҳои моро ба инобат нагирад. Новобаста аз гузаштани вақт ман кӯшиш намудам суханони муфаттишро, ки баҳри дифои хеш аз рўи амалаш гуфта буд, ба ёд биёрам. Рафту агар Хуршед Малик гунаҳкор мебуд, имконияти пурраи аз он манзил рафтанро дошт.

  • Агар ў гунаҳкор мебуд, намегуфт, ки дари фӯлодинро бо калиди худам кушодам…
  • Ў имкони пурра дошт кордеро, ки дар он номаш ҳаккокӣ шуда буд, гирифта, аз он манзил бадар равад…
    Ин ҳама он асосҳое буданд, ки муфаттиш дар боздошт намудани шахсе, ки риштаи муҳаббат вайро ба ҷабрдида пайваста буд, худдорӣ намояд…
    Ҳама гуна заҳреро подзаҳрест. Дар сурати заҳролуд шудан ва истифода набурдани подзаҳр некиеро интизор шудан нашояд. Ин ҳама мафҳуми табиист, вале онро чун нуқтаи назар дар ҳама самтҳои зиндагӣ ба инобат бояд гирифт. Дар юриспруденсия ҳам…
    Мо бошем, ба суханони Хуршед Малик бовар кардем.
    Бовар кардан он тараф истад, ҳатто кӯшише ба харҷ надодем, то бифаҳмем асли воқеа чист. Баҳри ба чунин амал даст задан фақат як ҳолати кор басанда буд, он ҳам бошад, дар дастаи корд ёфт нашудани ягон нақши даст. Маълум буд, ки қотил ё бо дастпӯшак кордро доштааст ё баъди амалӣ шудани мақсади нопокаш дастаи онро аз изҳои мондааш тоза намудааст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан