Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 383 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 383 аз 527 · 2 ноябри 2026

Мудир 44 аз хирмани бедон дар шигифту мо аз заҳматҳои бе натиҷа…
Вақти рафта бошад чун намакоб боло сўхта…
Қаҳру ғазаби мудирро интиҳо нест, ё шояд аз хирмани бедона ҷав меҷўяд, агар чунин аст… Чӣ фикри хоме. Охир ҷав ҳам дон аст! Доне, ки рўзи сахт мушкилкушоӣ одамист… Агар чунин аст, пас ҳама ин чормағзшиканиҳоро дар сари мо сабаб чист?
Ё мудир худ намедонад?
Чиро?
Он чиро, ки ба ҷуз соҳиби гов дузд ҳам худо мегўяд…
Аз дафтари кори Воҳид Камол мо бо таъби хира берун шудем, ҳарчанд, гуноҳи худ надонистемем, вале… Гуноҳи ду ҷаҳонро ба дўши мо бор кардан хостанд, бехабар аз он ки…
Дузд ҳам худо мегўяд…
-Ё.
-Ё чӣ?
-Дузди зӯр соҳиби говро бастааст.
-Чӣ?
-Дузди зӯр мегўям! - нидо омад аз ғайб.
-Пас ў кист?

  • Андеша намоед…
  • Баъди ҳама ин чормағзшиканиҳо?
  • Кор бе камбудӣ намешавад.
  • Худоё, худаш чӣ гап? Аз кабир то сағир ҳама ҷӯёи андеша. Ҳамаи ин кам буд, ки дар замири кӯчаки ман низ андеша маскан гирифта.
  • Ҳар кас ки дар ин замона ўро ғам нест...
  • Чаро хомўшӣ? - боз нидо омад аз замирам.
  • Чӣ гўям?
  • Ҳақиқатро.
  • Ё одам нест, ё аз ин олам нест, гуфтам ман, ки мехостам ҳарчӣ тезтар аз кунҷковиҳои қалби шӯридаам раҳо ёбам…
    Чун қалбам сукут намуд, ман онро аломати ризо пиндошта, дар атрофии қазияҳои рухдода аз нигоҳи мантиқ назар кардам…

44 Мудир ба маънои сардор омада.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан