- Ба шахсе, ки иффати хешро пос надошт, дигар чӣ ҳам метавон кард? - эътироз намуда гуфт Саодати Назар.
- Агар судя ҳамин амалро бе тамаъ иҷро мекард, ҷойи баҳс ҳам набуд.
- Мебинам, ки рафиқ майор, шумо ба эҳсосот дода шудаед, ки ин чандон оқибати хуб надорад, - бандаро огоҳ сохта гуфт муфаттиши прокуратура.
- Шояд ҳамин хел мебуд, агар…
- Агар чӣ?
- Агар ҳамин судя парвандаи одамрабоёнро мавриди баррасӣ қарор намедод, агар ҳамин судя парвандаи мазкурро баҳри шиносоӣ дар асоси мактуби расмӣ ба дасти ман медод, агар ҳамин судя бо маоши ночизе дар маркази шаҳр қасри сеошёна намесохт, агар ҳамин судя баъди ин ҳама корнамоиҳояш ба мансаби баландтаре соҳиб намешуд…
- Шуд, шуд - гуфт Воҳид Камол
- Ман ҳеҷ намефаҳмидам, ки ҳамаи ин ба қазияҳои мазкур чӣ иртиботе доранд? - гуфт муфаттиш.
- Ман аллакай гуфтам, ки нигоҳи Парисоро ба сафари мамолики Араб Мавлудаи Юсуф дигар намудааст ва инро инкор ҳам намекунад, вале афсўс мехўрад, ки бо гуноҳи вай Парисоро ба қатл расониданд. Мавлуда бошад, дугонаи ҷонии Шамсия аст ва дуюмин раққосае, ки дар тӯйяш обу арақ рехтаву сипас ба ў ҳамдарду ҳамроз гаштааст. Арӯси ноком Парисоро ба назди доно не, балки ба назди шахси корафтода, ки замоне дар борделу фаҳишахонаҳои мамолики Араб дар “хизмати” дўстдорони айшу нўш будааст, фиристодааст…
- Акнун фаҳмидам, - гуфт муфаттиш.
Тайи ним соати дигар Наврўз, Умар, Ҷомии Шариф ва Суҳроби Шорамазон ҳам андешаҳои хешро дар атрофии ҳарду қазия баён намуданд…
...31...
Оғози рўзи аввали ҳафтаи нав, бо ёде аз рўзҳои пешин дар бод намудани тӯдаи коҳи кӯҳна сипарӣ шуд…
Ҳама дар даст сешоха чоршохаю, панҷшоха он ғарами коҳи дар хирман бударо чапу рў намудем, ҳарчанд медонистем, ки дар зери он ғарам доне нест, вале… Давои дили бемор гуфта…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




