Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 381 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 381 аз 527 · 2 ноябри 2026

Шамсия (арўси нокомро чунин ном аст) дар шаддаи зиндагӣ марҷони марказист, ки чӣ ба ҷабрдидаҳо ва чӣ ба гумонбаршудагони қазияҳои мазкур алоқаи якхела дорад.

  • Рӯшантар фикратонро баён намоед, - хоҳиш намуд Саодати Назар.
  • Шамсия ин ҳамон духтаракест, ки ду сол пеш расмаш дар озмун сазовори ҷоиза гардида буд. Номи расм «Духтар дар ҳаммом».
  • Бовар намекунам, наход духтари мусулмон ҷисми урёни хешро … - эътироз намуд муфаттиши прокуратура.
    -Мутаасифона, чунин аст ва ҳамаи ин натиҷаи озодии комил аст.
  • Демократия дар оила гўед?
  • Демократия, ё дурусттараш озодии мутлақ.
  • Гумон намекунам, ки худи муаллифи асар даст ба шантаж зада бошад, - гуфт Саодати Назар.
  • Аксбардор дар нисбати оне, ки ҷисми урёни хешро дар ҳаммом ба мадди назари объективаш гузоштаву ўро ғолиби озмун намудааст, ба таври ростхата гунаҳкор нест, вале ғайримустақим ў дар ин кор даст дорад.
  • Пас кист оне, ки номашро дар зери ҳафт муҳр нигоҳ доштан мехоҳед?
  • Бонуи ў, ки баҳри дифои ҳуқуқҳои хеш талош намудааст.
  • Гуфтед, ки Шамсия чун марҷон дар маркази шадда аст, беҳтар мешуд, ки ин муамморо каме ҳам бошад мекушодед.
  • Ба андешаи Шамсия ҳамон раққосаи тўйгард бо номи Парисо ягона шахсе будаст, ки ўро дилбардорӣ намудаст, чунки худаш ҳам рўзгори нобасомонеро паси сар карда.
  • Яъне, дузд дуздро дар шаби тор шинохтааст?
  • Дурусттараш зиндагӣ ду ҷабрдидаро дар як пайроҳа бо ҳам рў ба рў намудаст.
  • Боз чӣ? - пурсид муфаттиши прокуратура, ки шояд аз ҳамаи асрори ниҳони милиса воқиф шудан мехост.
  • Шамсияро аз шавҳараш Далер Қарақул ном судя ҷудо намудааст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан