Сармуншии ҳамаи ин пайвастагиҳо бошад, худи Нодир Замон буд ва акнун мо дар оғози роҳи ҳалқаосое қарор дорем, ки онро охир нест…
- Акбар Ҳакимович!
Ба ростӣ ман гумон надоштам, ки баъди муфаттиш сухан мегўям, вале дигар роҳи бозгашт ҳам набуд. Бинобар ин, тайи як мижа задан андешаҳоямро сари як нуқта гирд оварданӣ шудам, вале …
Занги телефон садо доду Воҳид Камол гӯшакро бардошт.
Ин ба ман имкон дод, ки дар атрофии ҳодисаҳои рухдода дурусттар андеша намоям. Чун сарвари милиса гўшакро ба ҷояш гузошту нигоҳашро ба сўи ман дӯхт, ба қавле риштаи суханро ба даст гирифта гуфтам:
-Рафту дирўз мо сари ҳамин қазияҳо гирд меомадем, аз эҳтимол дур набуд, ки андешаҳои банда дигархелтар мешуданд. - Акнун чӣ? - пурсид Саодати Назар.
- Аслан ҳама гуна пирўзиҳои олами ҷиноӣ ин аз парешонии худи мост.
- Хуш, кӣ моро, аниқтараш шуморо пешпо дод? Гап зан! - бо рангу рўи парида гуфт Воҳид Камол, ки шояд суханони банда ӯро ба ғазаб оварда буд.
- Ҳангоми адои вазифа дирўз банда ду маротиба аз рўи як масъала чорраҳаеро убур намудам. Аслан ин масъаларо метавон ба гӯшаи фаромўшӣ дод, чунки аз натиҷаи яке аз онҳо ман шуморо огоҳ намуда будам, дурусттараш шумо маро ба назди хеш хонда, дар бораи аз ҳадди ваколатҳоям берун омада пурсон шудед.
- Инкор намекунам, вале ман шуморо таҳқир накардам.
- Таҳқир не, балки бандаро ҳифз ҳам намудед, ки ман аз эшон миннатдорам, вале масъала бо ҳамин анҷом наёфт. Худи дирўз қарибиҳои намози шом ман бо Мавлудаи Юсуф вохўрдам. Ин ҳамон духтараест, ки нигоҳи Парисои Ҳотамро ба сафари мамолики Араб сесаду шаст дараҷа тағйир дода.
- Хуш, хуш…
- Албатта, дар ҳама кор як пайвастагие ҳаст, пайвастагие, ки инсонҳоро чун донаҳои марҷон дар ҳалқаи зиндагӣ бо ҳам рў ба рў месозад. Ду шаб пеш ман ҳамроҳи лейтенанти милиса Ҷомии Шариф дар тарабхонаи “Симин” бо ҳамон арўси нокоме, ки баъди се моҳ шавҳараш кафшҳояшро пеши пояш гузошта буд, вохӯрдем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




