Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 379 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 379 аз 527 · 2 ноябри 2026

Баъди нишон додани ҷасади мақтул ба пайвандонаш дарду доғи онҳоро дида, аз посух гирифтан ба суолҳое, ки то ин дам моро ором намегузошт, муваққатан худдорӣ намудем…
Баъди бозгашт аз ташхисгоҳ ҳайати гурўҳи фаврӣ - тафтишотиро Воҳид Камол ба ҳузури хеш хонд,ӯ то фикру андешаҳои зердастонро аз рўи ҳарду қазия шунавад.
Муфаттиши прокуратура Саодати Назар андешаҳои хешро чунин баён намуд:

  • Ҳодисаи ба қатл расонидани Нодир Замон, агар дар ҳақиқат он бо қазияи дар кӯчаи Зарнисор рух дода пайвастагие дошта бошад, худ ифшогари номукаммалии кори мост, ки ба ҳодисаи мазкур ба таври бояду шояд нигоҳ накардем. Дуюм, ҳодиса метавонад ба қазияи дар кӯчаи Зарнисор рухдода умуман пайвастагие надошта бошад. Агар чунин аст, пас сабаби асосии марги тоҷирро аз рўи фаъолияти кунуниаш баррасӣ намудан лозим меояд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар нигоҳи мо ва ҳамкасбонамон аз ноҳияи Рўдакӣ дар як хатти буриш рост наомад, вале гумон мекунам аз ин муносибати сард фоҷиа сохтан лозим нест.
    Сеюм, аҷаб не онҳое, ки қасди ҷони Нодир Замон намудаанд, аз ҳодисаи ба сари Парисои Ҳотам омада ҳатто хабар ҳам надоранд. Дар он сурат мақсади қатли Нодир Замон ин ғорат намудани ўст ва қотилон ба мақсади ба даст оаврдани молу амволи вай ба чунин амал даст задаанд. Дар протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса омадааст, ки ҷасади мақтул ба чуқурие, ки на беш аз сиюпанҷ сантиметр баландӣ дорад, гузошта шуда ва болояш бо сангу рег пӯшонда шудааст. Аз ин бармеояд, ки ҳодисаи мазкур тасодуфан рух додааст ва қотилон барои кандани чуқурӣ ҳатто бел надоштанд ва ё шояд пайдошавии нафаре ба кори онҳо халал расонидааст. Дар ин самт, албатта, кор кардан лозим меояд. Чорум, шояд ба бахти худи қотилон, ки ҳодиса чунин ранг гирифт, чун онҳо пайхас ҳам намекарданд, ки тафтишот чунин ранг мегирад. Яъне, самти ҳаракатҳои ҷустуҷўӣ на аз рўи аломатҳои индукция (ҳаракат аз самти қотил ба сўи ҷабрдида), балки аз рўи аломати дедукция (ҳаракат аз самти ҷабрдида ба сўи қотил) амалӣ хоҳад шуд. Аз самти мазкур мо аз қотилон дида тезтар ба сўи онҳое, мебароем, ки онҳоро бо собиқ раққосадухтар мепайваст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан