Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 378 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 378 аз 527 · 2 ноябри 2026

бор оварда буд, дида, мақоли халқии “мурдаро монда тутхурӣ”- ро ба ёд овардам.
Ҳамкоронамон аз ноҳияи Рўдакӣ “дуздро дар обмурӣ ёфта” даъво мекарданд, ки ҳодисаи мазкур давоми қазияи дар кӯчаи Зарнисори ноҳияи Гулистон рух додааст ва беҳтар мешуд, ки мо онҳоро сари вақт аз даву тоз озод намуда, парвандаи мазкурро ба парвандаи аввала якҷоя мекардем.
Гулистониҳо бошанд, баръакс асосҳоро баҳри якҷоя намудани ҳарду парванда нокифоя шумурда, аз ҳамкорӣ бо ҳамкасбони дар ноҳияи Рўдакӣ будаашон дурӣ ҷустан мехостанд, ҳол он ки...
Дирўз банда ва Суҳроби Шорамазонро дар асоси хабарнома ба ШКД-и ноҳияи Рўдакӣ фиристода буданд, то дар атрофии ҳодисаи мазкур рӯшанӣ андозем, имрўз бошад…
Хари мо аз лой гузашта буд… Ба хари мардум бошад, моро коре набуд. Рафту Мавлудаи Юсуф ин ҷаҳду талошҳои моро дар атрофи парвандаи қариб дар аъроф монда медид, намедонам чӣ мегуфт. Парвандаи мазкур тӯби футболро ба ёд меовард, ки ҳар кадоме аз мо мехост онро ба дарвозаи ҳариф партояд.
Дилшоди Ибод ва Сайдшоҳи Ғайрат даъво мекарданд, ки Нодир Замон дар дигар ҷо ба қатл расонида шудаву ҷисми сарди ў ба карери дуюм, ки аз рўи тақсимоти ҳудудӣ шомили ноҳияи онҳост, оварда шудааст. Ба замми ин, онҳо фикри хешро бо он асоснок мекарданд, ки мо то кунун Нодир Замонро ҷустуҷў доштем ва акнун, ки дар бораи вай маълумоти амиқе ба даст овардаем, чаро мавқеи ақибнишиниро пеша намудаем?
Саодати Назар ва Наврўз Умар бошанд, собит кардан мехостанд, ки то ҳоло сабаби қатли Нодир Замон маълум нест ва аҷаб нест, ки ўро аз рўи фаъолият доштанаш дар тиҷорат ба қатл расонида бошанд. Ана ёбу гир…
Аз нигоҳи мантиқ даъвои ҳарду тараф ҳам асос дошт ва дар ин ҷода доварӣ намудан маъние надошт. Худи вақт, албатта, обро ба лаби ҷўй баробар мекард, вале афсўс ки инсон худ дар ин ҷода сабру таҳаммул надорад…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан