Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 377 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 377 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • То ҷое, ки ман фаҳмидам, байни ў ва спонсор аҷаб набуд, ки муносибати наздиктаре набошад. Занҳо дар чунин ҳолатҳо, албатта, андеша мекунанд. Чӣ тавр ў метавонист номи нафареро, ки барояш азиз аст, ба ман, ки бори аввал дида буд, ифшо намояд. Оё шумо худ боре нашунидед, ки агар хешро бад гуфтӣ, меҳри бегона ҳам мепарад.
  • Пас чӣ тавр шуд, ки шумо асрори гузаштаи хешро баҳри ношиносе арзонӣ доштед.
  • Чунки ў аз номи Шамсия сухан гуфт. Шамсия бошад дугонаи ҷонии ман аст. Ӯ нафарест, ки эҳтимол то қиёмат ба ман содиқ монда ва ман ҳам нисбати ў чунин андеша дорам.
    Дўстони Шамсия дар як вақт метавонанд дўстони ман ҳам бошанд. Дуюм, ман бе ин ҳам агар лозим шавад, аз рўи қарзи инсони нафари роҳгумзадаеро аз роҳи бад бояд бармегардонам. Ман наметавонистам ба бадбахтиҳои ба сарам омада аз паси панҷа нигарам. Мегўянд, ки шахси пешрафта барои нафаре, ки аз дунболи ўст, пул аст. Модоме ки чунин аст, пас чаро ў пулро надидаву худро ба ҷар афканад?
    Ман бо Мавлудаи Юсуф худоҳофизӣ намудам. Чун шаб кайҳо фаро расида буд, ба идора рафтан дигар маъние надошт.
    Тамоми роҳ ман сари гуфтаҳои Мавлуда андеша намудам...
    Новобаста аз он ки Мавлудаи Юсуф ҳолномаи “рангине” дошт, вале аз рўи андешарониҳояш ба ман писанд омад.
    Мавлуда ва ў баринҳо индикаторанд,43ки бефаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро нишон дода метавонанд. Ин баробари он аст, ки дўст гўяд табарвор …
    На ҳар кас метавонад камбудии дигареро дар рўяш гўяд.
    Ҳарчанд аз рўзгори Мавлуда ибрат гирифтан ғайриимкон буд, вале дар гуфтор ў чун санавбар рост буд, ростиро бошад, ба ҷаҳон заволе набувад ва ман ҳамеша эҳтироми чунин “ҷинояткорон”- ро аз ҳампешаҳои хеш, ки бо роҳи пора соҳиби курсии мансаб гаштаю дурӯғу хушомадгўӣ кори ҳаррўзаашон аст, болотар медонам…
    ...30...
    Ҷаҳду талоши ҳамкоронро аз мақомотҳои ҳамноми ду ноҳия дар атрофии қазияи навбатӣ, ки марги Нодир Замон ба

43 Индикатор – асбоби физикии муайянкунандаи шиддат.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан