Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 376 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 376 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ин танҳо андешаи ман аст. Тафтишот бошад, онро ҳамчун фалокати автомобилӣ арзёбӣ намуда, бинобар набудани асосҳои дигар оғоз намудани кори ҷиноиро рад кард.
  • Дар он ҳодиса боз ягон нафари дигар зарари ҷисмонӣ гирифтааст?
  • Хушбахтона, худи Баҳром дар сари чанбараки мошин танҳо будааст.
  • Аҳлу байти вай дар куҷо зиндагӣ мекунанд?
  • Магар ин муҳим аст?
  • Ман фақат дар бораи атрофиёни ў маълумот гирд овардан мехоҳам.
  • Дар кӯчаи Саҳбо як бародараш зиндагӣ мекунад.
  • Ному насабаш?
  • Исмоил, насабашро намедонам.
  • Ба андешаи худи шумо акси урёнатонро вай худаш гирифтааст?
  • Аз куҷо донам, вале ман гумон мекунам, ки ў тариқи ягон доруе бандаро беҳуш намудаву пас ба навор гирифта.
  • Дар он манзил ягон асбоби аксбардорӣ буд?
  • Дар ёдам нест. Ман танҳо дар хориҷи кишвар баъди дидани аксҳои урёнам ба ҳодисаи рухдода аҳамият додам.
  • Оё шумо худ ягон акси ўро надоред ё ҳамроҳаш аксе нагирифтаед?
  • Ман худам чанд бор хостам дар кӯча ҳамроҳаш акс гирам, вале ў рад кард. Тафтишот ҳам аз ҳамин нуқтаи назар ба муносибати доштаи мо баҳо дод. Агар ман ҳамроҳи вай акс медоштам, ҳозиршавиашро ба тафтишоти пешакӣ ва суд талаб мекардам, вале афсўс ки ман дар вақташ аз макри вай худозада бехабар мондам.
  • Оё боре ҳам аз забони Баҳром дар бораи ягон рӯзноманигори суратгир ҳарфе нашунидаед?
  • Не.
  • Донистан мехостам, ки оё Парисо нагуфт, ки спонсори ў барои ба хориҷа рафтанаш кист?
  • Сараввал нагуфт ва чун банда вайро аз роҳаш бозгардониданӣ шудам, шояд андеша намуд.
  • Андешаи чӣ?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан