Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 375 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 375 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • На танҳо аз ҳуқуқҳо. Ман акнун мефаҳмам, ки бетарафӣ чист, маҳз аз ҳамин хотир хостам Парисоро аз роҳи пешгирифтааш баргардонам, бехабар аз он ки рақиби мо дар ҳила гум аст. Ин ҳам камбудии худи ман аст, ки қувваи рақибро ба инобат нагирифтам.
    Ман аз ҷузвдони дар дастам буда чанд расмеро, ки дар байни онҳо аксҳои Нодир Замон, Алихони Набипур, Шаҳлои Носир буданд, бароварда ба дасти Мавлудаи Юсуф додам.
  • Не, намешиносам, - баъди азназаргузаронӣ расмҳоро ба ман баргардонида гуфт Мавлуда.
  • То ҷое, ки банда огоҳам, одамрабоён пеш аз ба хориҷа бурдани духтарон аввал расмҳои гуногуни онҳоро ба он ҷо мефиристанд, оё дар ҳодисаи ба сари шумо омада чунин амал буд ё не?
    -Вақте ки маро ба фоҳишахонае фурухтанду эътирозамро шуниданд, ба ман чунин расмҳоямро нишон доданд, ки мўйи баданам рост шуд. Ман гумон намудам, ки ин ҳама чизи сохта аст, вале хеле баъд фаҳмидам, ки он ҳама ҳақиқат аст, ҳақиқате ки баҳсро намепазирад. Ман намедонам чӣ тавр маро дар чанд ҳолат, дар шакли урён акс гирифта буданд. Ҳамаи инро сабаб он аст, ки онҳое, ки ба чунин корҳо машғуланд, чӣ кор кардани хешро медонанд. Ман ҳам он солҳо бо Баҳром ном ҷавоне муҳаббат меварзидам ва аз куҷо медонистам, ки ў худозадаро чӣ фикру хаёле дар сар аст. Ҳатто дар суд ҳам вайро даъват накарданд. Чунки ба қавли онҳое ки ҳомии тақдири мо буданд, барои даъвати вай ягон асосе дар даст надоштанд…
  • Ҳоло ў дар куҷост?
  • Баҳром?
  • Ҳа.
  • Дар он дунё.
    -Чӣ хел?
  • Баъди як моҳи баррасии парвандаи одамрабоён дар суд ў дар ағбаи Анзоб ба фалокати автомобилӣ дучор шуд, вале банда гумон мекунам, ки дўстонаш дар ин кор ба ў “ёрӣ” додаанд.
  • Яъне куштор?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан