- Сипас чӣ шуд?
- Ҳодисаи боздоштшавии духтарони фиребхўрда дар фурудгоҳ инъикоси объективиро талаб мекард ва худи ҳукумат ба он манфиатдор буд, то пеши роҳи ин амали нангин гирифта шавад. Ин буд, ки маркази матбуоти мақомоти тафтишотӣ тариқи расонаҳои хабарӣ ба ҳодисаи мазкур «обу ранги тоза»
доданд. Баъди ин онҳое, ки то он лаҳзаҳо пуштибони чунин афроди пасту нопок буданд, аз таъсири муҳити ба амаломада тарсида, хомўширо ихтиёр намуданд. Ду рўз баъди намоиши телевизионӣ, ки бо ташаббуси мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура сурат гирифта буд, онҳое, ки ба аризаи банда аз паси панҷа нигоҳ намуда буданд, худ ба суроғам омаданд ва бо зорию илтиҷо аз ман аризаи нав гирифтанд ва дар рафти тафтишоти пешакӣ бандаро ҷабрдида эътироф намуданд. Ин ҳанўз анҷоми кор набуд. Онҳо дар тамоми рафти тафтишоти пешакӣ, аз ман шубҳа доштанд. - Чаро?
- Дузду ғар ҳамеша номарданд ва онҳо низ аз амали аввалаи хеш метарсиданд, ки мабодо ман дар рафти тафтишот ба муфаттиш дар бораи аризаи аввалаам сухане нагўям.
- Чаро дар рафти тафтишот ҳақиқатро нагуфтед?
- Ман ҳақиқатро гуфтам, вале дилам ба ҳоли зори он ду бечорае, ки бозичаи дасти дигарон шуда буданд сӯхт. Ман фаҳмидам, ки онҳо дар ин бозии қисмат гуноҳе надоранд, чунки манфиати кори хешро намедонанд. Аз бозиҳои пасипардагӣ танҳо роҳбарон манфиат мебинанд, рафту агар сарвари милиса худ пок бошад, чӣ тавр метавонад зердасти ў ҷиноятро ба қайд нагирад.
-Чӣ шумо ягон вақт дар мақомотҳои қудратӣ кору фаъолият намудаед? - Не.
- Вале аз суханрониҳоятон бармеояд, ки …
- Он чӣ ки ман дар хориҷи кишвар аз сар гузаронидам, ба ақл рост намеояд ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки ман ҳуқуқи хешро намедонистам, акнун бошад…
- Акнун аз ҳамаи он ҳуқуқҳои хеш бохабаред?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




